Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон ба дарвозаи Молдив 4 голи беҷавоб зад


Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни тимҳои миллии футболи занона дар гурӯҳи «В» дастаи Молдивро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 26 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Лайло Ҳалимова ду гол, Некӯбахт Худододова ва Наталя Сотникова якголӣ ба самар расониданд.

Дар бозии даври аввал дар гурӯҳи «В» мунтахаби Ветнам ба дарвозаи дастаи Молдив шонздаҳ голи беҷавоб зад.

Юсуф Рабиев, сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки вазифаи даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 роҳ ёфтан аст.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дувум ва охиринашро дар сабқати гурӯҳӣ рӯзи чоршанбеи 29-уми сентябр бо дастаи Ветнам анҷом медиҳад. Барои ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтан дастаи Тоҷикистонро дар ин бозӣ танҳо пирӯзӣ қаноатманд мекунад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи "В"

Иштироккунандагон: Ветнам, Тоҷикистон, Молдив.

Даври 1-ум

23 сентябр (панҷшанбе)

Молдив – Ветнам – 0:16

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Молдив – 4:0

Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некӯбахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Лайло Ҳалимова (Тоҷикистон).

26 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Ветнам

1

1

0

0

16-0

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

4-0

3

3

Молдив

2

0

0

2

0-20

0

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Ветнам – Тоҷикистон

Дар гурӯҳи «С» ду даста – Сингапур ва Индонезия - барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мубориза мебаранд. Ғолиб аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ миёни ин ду дастаи мунтахаб маълум хоҳад шуд.

Рӯзи 24-уми сентябр дар бозии аввали ин дастаҳо мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.

Даври 1-ум

24 сентябр (ҷумъа)

Сингапур – Индонезия – 0:1

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Индонезия

1

1

0

0

1-0

3

2

Сингапур

1

0

0

1

0-1

0

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Индонезия – Сингапур

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбанд.

Бояд гуфт, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20-уми январ то 6-уми феврали соли оянда дар Ҳиндустон доир мегардад, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ роҳ пайдо мекунанд.

Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2018 - Ҷопон, Австралия ва Чин, ки ба қаҳрамонии Осиё-2022 мустақиман роҳ ёфтаанд, аз бозиҳои интихобӣ озод карда шудаанд. Ҳиндустон низ ҳамчун мизбони Ҷоми Осиё-2022 аз ширкат дар сабқати интихобӣ озод гаштааст.

XS
SM
MD
LG