Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мусобиқаи лигаи олӣ "Истиқлол" ва "Хуҷанд" пешсафанд


Дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон.

Дар бозиҳои даври бистуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 21-22-юми сентябр баргузор шуданд, мизбонон дар ду дидор ва меҳмонон дар се бозӣ ғолиб омаданд.

«Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Хатлон»-и Бохтар - бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Бо ҳамин ҳисоб «Хуҷанд» дар меҳмонӣ ба «Файзканд»-и Восеъ ғолиб омад. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ «Истаравшан»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. «Равшан»-и Кӯлоб аз дастаи меҳмон – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон - бо ҳисоби 1:2 ноком шуд. «Душанбе» дар майдони худ бозиро ба «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 бохт.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки аз 19 бозӣ 48 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. «Хуҷанд» бо 38 имтиёз аз 19 бозӣ дар зинаи дувум ҷойгир шудааст. КМВА бо 30 имтиёз аз 20 бозӣ ба зинаи севум баромад. «Истаравшан» бо 29 имтиёз ба зинаи чаҳорум фуромад.

Бозиҳои даври 21-уми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 25-26-уми сентябр доир мешаванд. Рӯзи шанбе «Хуҷанд» бо «Кӯктош», КМВА бо «Душанбе» ва рӯзи якшанбе «Хатлон» бо «Равшан», «Истаравшан» бо «Истиқлол» ва «Эсхата» бо «Файзканд» бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 20-ум

«Истиқлол» — «Хатлон»- 1:0

Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 79

«Файзканд» – «Хуҷанд» – 0:1

Гол: Дилшод Бозоров, 59.

«Кӯктош» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Бунёд Шодиев, 3 (1:0). Азизбек Султонов, 21 (2:0). Илҳомҷон Баротов, 73 (2:1).

«Равшан» – КМВА – 1:2

Голҳо: Овусу Обед, 33 (1:0). Люк Менҷана Леонел, 37 (1:1). Фирӯз Бобиев, 81 (1:2).

«Душанбе» – «Эсхата» – 1:2

Голҳо: Алинур Ниёзбеков, 50 (0:1). Хуршед Абдуллоев, 54 (1:1). Мубинҷон Муъминов, 71 (1:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

19

15

3

1

56-7

48

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

19

12

2

5

39-19

38

3

КМВА (Душанбе)

20

8

6

6

26-25

30

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

20

8

5

7

23-21

29

5

«Эсхата» (Хуҷанд)

20

8

3

9

29-34

27

6

«Хатлон» (Бохтар)

20

7

5

8

21-25

26

7

«Равшан» (Кӯлоб)

20

5

8

7

19-24

23

8

«Душанбе» (Душанбе)

20

4

6

10

21-44

18

9

«Файзканд» (Восеъ)

20

4

5

11

13-26

17

10

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

20

4

5

11

24-46

17

Нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 11 гол, Рустам Соиров («Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 10-голӣ, Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд»), – 9-голӣ.

Даври 21-ум

25 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Хуҷанд» – «Кӯктош»

КМВА – «Душанбе»

26 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Хатлон» – «Равшан»

«Истаравшан» – «Истиқлол»

«Эсхата» – «Файзканд»

XS
SM
MD
LG