Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Рабиев: Вазифаи мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфтан аст


Шоми имрӯз, 23-юми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи занона дар гурӯҳҳои «В» ва «С» шуруъ мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, пеш аз оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 22-юми сентябр дар маркази матбуоти Варзишгоҳи марказии Душанбе нишасти хабарӣ баргузор шуд, ки дар он сармураббиён ва бозигарони тимҳои миллии Тоҷикистон, Ветнам, Молдив, Индонезия ва Сингапур иштирок карданд.

Юсуф Рабиев, сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон:

- Мо омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ду моҳ пеш оғоз карда будем. Дар ин марҳила се давраи омӯзишӣ доир гардид. Барои омодагии даста ба даври интихобӣ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шуд. Ҳамаи бозигарони пурқувват, ки дар Лигаи футболи занонаи кишвар иштирок мекунанд, ба тими миллӣ даъват шуданд. Дастаи мо ба мусобиқа омода аст. Мо умедворем, ки бозии хуб нишон медиҳем. Вазифаи даста ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфтан аст. Ҳангоми пандемия дастаҳои занона тақрибан ду сол бозӣ накарданд, аз ин рӯ маълумот дар бораи рақибон ниҳоят кам аст. Мо ба ҳар бозӣ омодагӣ мебинем, ба рақиб мутобиқ намешавем, кӯшиш мекунем, ки бозии худро нишон диҳем.

Мадина Фозилова, бозигари мунтахаби занонаи Тоҷикистон:

- Мо ба мусобиқа омодагии хуб дидем. Мо барои ба финали Ҷоми Осиё-2022 баромадан имконият дорем. Дар ҳар як бозӣ баҳри пирӯзӣ мубориза хоҳем бурд.

Май Дук Чунг, сармураббии тими миллии занонаи Ветнам:

- Пеш аз ҳама мехоҳам ба кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои пазироии гарм ташаккур гӯям. Барои дастаҳо шароити хуб фарохам оварда шудааст. Аз сабаби пандемия мо қариб ду сол бозиҳои расмӣ накардем, ниҳоят ҳоло мо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё бозӣ хоҳем кард. Мо барои омодагӣ ба мусобиқа як моҳ вақт доштем. Дастаи ман комилан омода аст. Мо барои ба финали қаҳрамонии Осиё баромадан мубориза мебарем. Ман боварӣ дорам, ки мо ба ин қодирем.

Ҳуйинҳ Нҳу, бозигари мунтахаби занонаи Ветнам:

- Гурӯҳе, ки мо дорем, хеле қобили қабул аст. Мо барои роҳхат ба финали Ҷоми Осиё ба Душанбе омадаем. Даста дар ҳолати хуб қарор дорад.

Аҳмад Шариф, сармураббии тими миллии занонаи Молдив:

- Мутаассифона, мо барои омодагӣ ба мусобиқаи интихобӣ мушкилот доштем. Ба иллати пандемия нафақат бозиҳои расмӣ, инчунин бозиҳои дӯстона ҳам анҷом дода натавонистем. Илова бар ин, мо ҳанӯз ба иқлими маҳаллӣ одат накардаем, ҳаво дар ин ҷо сард аст. Мо як тими ҷавон дорем, бозигарони 17, 18, 19-сола. Мо мефаҳмем, ки тимҳои миллии Ветнам ва Тоҷикистон довталабони асосӣ барои ғолиб шудан дар гурӯҳанд, аз ин рӯ мо вазифа надорем, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбем. Барои мо чизи асосӣ ин таҷриба андӯхтан ва дастаро ба марҳилаи интихобии оянда омода кардан аст.

Аминатҳ Лиза, бозигари мунтахаби занонаи Молдив:

- Гурӯҳи мо хеле мураккаб аст, аммо мо аз рақибони худ наметарсем. Мо саъй хоҳем кард, ки имкониятҳои худро комилан ба кор барем.

Руди Эка Приямбада, сармураббии тими миллии занонаи Индонезия:

- Ман мехоҳам ба Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар давраи пандемия мусобиқаи интихобиро барои Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби занона мегузаронад, ташаккур гӯям. Пас аз рад намудани дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Ироқ аз иштирок дар мусобиқаи интихобӣ, мо барои ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтан имконияти хуб пайдо намудем. Омодагӣ ба мусобиқа аз моҳи март оғоз шуда буд. Мо се давраи омӯзишӣ доштем. Дастаи мо комилан омода аст.

Заҳро Муздалифаҳ, бозигари мунтахаби занонаи Индонезия:

- Мо хеле шодем, ки тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ ва Ироқ дар гурӯҳи мо иштирок намекунанд ва дар ду бозӣ бо Сингапур мо талош хоҳем кард, ки ба финали Ҷоми Осиё роҳхат ба даст орем.

Стефен Нҷ Ҳенг Сенг, сармураббии тими миллии занонаи Сингапур:

- Ташаккур ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои пазироии гарму ҷӯшон. Мо хурсандем, ки дар ин ҷо дар кишвари меҳмоннавоз ҳастем. Дар мавриди мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё ҳаминро гуфтаниам, ки мисли бисёр дастаҳо мо барои омодагӣ вақти кам доштем. Ҳангоми расидан ба Душанбе мо бо тими миллии Тоҷикистон бозии санҷишӣ гузаронидем. Бозӣ хуб гузашт ва бидуни гол хотима ёфт. Мо бо Индонезия барои пирӯзӣ дар ҳар бозӣ мубориза хоҳем бурд. Ман фикр мекунам, ки мо имконият дорем ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ пайдо кунем.

Эрни Суластри Бинте Сонтарил, бозигари мунтахаби занонаи Сингапур:

- Мо як дастаи хеле муттаҳид дорем. Мо танҳо ду бозӣ мекунем ва ҳар як бозигар барои худ ва ватанаш то охир талош хоҳад кард.

Сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби миллии занона дар гурӯҳи «В» рӯзи панҷшанбе, 23-юми сентябр, бо бозии тимҳои Молдив – Ветнам оғоз меёбад. Рӯзи ҷумъа, 24-уми сентябр бозӣ дар гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби Сингапур ва Индонезия доир мегардад.

Дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби миллии занона дар Душанбе ҳамагӣ панҷ бозӣ дар гурӯҳҳои «В» ва «С» баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбанд.

Бояд гуфт, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20-уми январ то 6-уми феврали соли оянда дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ роҳ пайдо мекунанд.

Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2018 - Ҷопон, Австралия ва Чин, ки ба қаҳрамонии Осиё-2022 мустақиман роҳ ёфтаанд, аз бозиҳои интихобӣ озод карда шудаанд. Ҳиндустон низ ҳамчун мизбони Ҷоми Осиё-2022 аз ширкат дар сабқати интихобӣ озод гаштааст.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи "В"

Иштироккунандагон: Ветнам, Тоҷикистон, Молдив.

Даври 1-ум

23 сентябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Молдив – Ветнам

Даври 2-юм

26 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Ветнам – Тоҷикистон

Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.

Даври 1-ум

24 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 18:00

Сингапур – Индонезия

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Индонезия – Сингапур

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG