Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё ба соли 2023 мавқуф гузошта шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) эълон кард Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё, ки баргузории онҳо аз 28-уми ноябр то 6-уми декабри имсол дар шаҳри Санйаи музофоти Ҳайнани Чин пешбинӣ шуда буд, ба соли 2023 мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора сомонаи ОСА хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, қарори Шӯрои олимпии Осиё дар мувофиқа бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои соҳилии Осиё бо мақсади таъмини амнияти варзишгарон, ашхоси расмӣ ва тамошобинон ба далели пандемияи COVID-19 қабул шудааст.

Санйа мебоист соли 2020 мизбони бозиҳо мебуд, вале дар натиҷаи бӯҳрони COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. OCA моҳи декабри соли гузашта эълон кард, ки ин чорабинӣ дар санаи аз 2-юм то 10-уми апрели соли 2021 низ доир намешавад ва ба вақти номуайян ба таъхир афтод.

Баъдан ОСА хабар дод, ки Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё аз 28-уми ноябр то 6-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Санйаи музофоти Ҳайнани Чин доир хоҳад шуд.

Санаҳои нави баргузории Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Дар бозиҳо ширкати беш аз 2000 варзишгар аз 40 кишвари қораи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, дар назар аст. Мусобиқа 19 намуди варзишро дар бар мегирад, аз ҷумла шиноварӣ, варзиши сабук, баскетбол, волейбол, ҳандбол, футбол, қайиқронӣ ва ғайра.

Бозиҳои соҳилии Осиё бори аввал соли 2008 дар шаҳри Балии Индонезия баргузор шуд ва дар ҳар ду сол доир мегардад. Санйа аввалин шаҳре нест, ки дар Чин ин мусобиқотро баргузор мекунад. Соли 2012 бозиҳо дар шаҳри Ҳайяни музофоти Шандун дар шарқи Чин доир гаштанд.

Бозиҳои соҳилии Осиё, инчунин дар Масқати Умон (2010), Пҳукети Тайланд (2014) ва Дананги Ветнам (2016) баргузор шудааcт.

XS
SM
MD
LG