Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё байни дастаҳои занона баргузор мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи занона дар гурӯҳҳои «В» ва «С» аз 23-юм то 29-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби миллии занона дар гурӯҳи «В» рӯзи панҷшанбе, 23-юми сентябр, бо бозии тимҳои Молдив – Ветнам оғоз меёбад. Рӯзи ҷумъа, 24-уми сентябр бозӣ дар гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби Сингапур ва Индонезия доир мегардад.

Дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби миллии занона дар Душанбе ҳамагӣ панҷ бозӣ дар гурӯҳҳои «В» ва «С» баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбанд.

Бояд гуфт, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20-уми январ то 6-уми феврали соли оянда дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ роҳ пайдо мекунанд.

Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2018 - Ҷопон, Австралия ва Чин, ки ба қаҳрамонии Осиё-2022 мустақиман роҳ ёфтаанд, аз бозиҳои интихобӣ озод карда шудаанд. Ҳиндустон низ ҳамчун мизбони Ҷоми Осиё-2022 аз ширкат дар сабқати интихобӣ озод гаштааст.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи "В"

Иштироккунандагон: Ветнам, Тоҷикистон, Молдив.

Даври 1-ум

23 сентябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Молдив – Ветнам

Даври 2-юм

26 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 18:00

Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Ветнам – Тоҷикистон

Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.

Даври 1-ум

24 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 18:00

Сингапур – Индонезия

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Индонезия – Сингапур

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG