Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AIBA ба ҳар ғолиби қаҳрамонии бокси ҷаҳон $100 000 ҷоизаи молӣ медиҳад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон аз 24-уми октябр то 6-уми ноябри имсол дар Белгради Сербия баргузор мешавад. Аввалин бор дар таърихи 75-солаи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳавскорӣ (AIBA) ба онҳое, ки медал мегиранд, ҷоизаи молӣ супурда хоҳад шуд. Дар ин бора сомонаи AIBA хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бунёди ҷоизаҳои қаҳрамонии ҷаҳон байни мардон дар Белград ба маблағи 2,6 миллион доллари ИМА муқаррар шудааст.

Барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн соҳиби ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 000 доллар мешаванд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим мегардад.

Ҷоизаи молӣ дар қаҳрамонии Осиё дар Дубай ҷорӣ гардид ва дар қаҳрамонии Аврупо ва қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон идома ёфт.

Президенти AIBA Умар Кремлёв гуфтааст: "Ин бори аввал аст, ки AIBA ба барандагони медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон ҷоизаи молӣ медиҳад ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Ин маблағ бо дарназардошти омодагиҳо барои расидан ба қуллаи баланд дар мусобиқаи олии AIBA сазовор аст. Мо медонем, ки ин иқдом барои муштзанҳои мо манфиати калон хоҳад дошт. Онҳо бояд на танҳо дар ринг муваффақ бошанд, балки худкифо ва шукуфон низ бошанд."

Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз вазъ дар Ассотсиатсияи байналмилалии бокс изҳори нигаронӣ кард ва мавқеи қаблии худро дар масъалаи ҳузури бокс дар барномаи Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж бори дигар такрор намуд ва инро дар як нома ба Кремлёв ирсол кард.

Ёдовар мешавем, аз сабаби ба таъхир андохтани Олимпиадаи Токио-2020 ба соли 2021 ба иллати пандемияи коронавирус лозим омад дар гузаронидани мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон ислоҳот ворид карда шавад.

Дар аввал қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мебоист дар Деҳлӣ баргузор мешуд, аммо шаҳр ӯҳдадориҳои молии худро дар назди AIBA иҷро накард ва Сербия ин мусобиқаро ба даст овард.

Белград бори дуюм дар таърихаш қаҳрамонии ҷаҳонро баргузор мекунад. Мусобиқаи қаблӣ соли 1978 доир шуда буд.

AIBA моҳи июни соли 2019 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бинобар масъалаҳои молӣ ва доварӣ аз мақоми олимпии худ маҳрум карда шуд. Мусобиқаҳои интихобӣ ва олимпии боксро дар Токио худи Кумитаи байналмилалии олимпӣ гузаронд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ (49 кг; 52 кг; 56 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; 91 кг; +91 кг) сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG