Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафон дар даври нуздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Бо бозиҳои даври нуздаҳум марҳилаи сеюм ва ҳалкунандаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ шуд.

Довталабони медалҳои мусобиқа пирӯзӣ ба даст оварданд. «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. «Хуҷанд» ба дарвозаи дастаи меҳмон - «Душанбе» - 5 голи беҷавоб зад. «Истаравшан» дар майдони ба «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. ССКА дар меҳмонӣ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 ноком кард. «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки аз 18 бозӣ 45 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. «Хуҷанд» бо 35 имтиёз аз 18 бозӣ дар зинаи дувум ҷойгир шудааст. «Истаравшан» бо 29 имтиёз аз 19 бозӣ зинаи севумро азони худ кардааст.

Бозиҳои даври 20-уми мусобиқа рӯзҳои 21-22-юми сентябр доир мешаванд. Рӯзи сешанбе «Файзканд» бо «Хуҷанд», «Истиқлол» бо «Хатлон» ва рӯзи чоршанбе «Равшан» бо ССКА, «Душанбе» бо «Эсхата», «Кӯктош» бо «Истаравшан» бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 19-ум

«Истаравшан» – «Файзканд» – 1:0

Гол: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 51.

Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳзод Маъмурҷонов («Истаравшан»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

17 сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

«Эсхата» – ССКА – 1:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 11 (0:1). Сайёди Ковусшо, 86 (0:2). Ҷаҳонгир Эргашев, 90+1 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Сайёди Ковусшо (ССКА).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

17 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 500 тамошобин.

«Хатлон» – «Кӯктош» – 3:0

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 45+1 (1:0). Жан Гатен НД, 48 (2:0). Худойдод Узоқов, 90 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Жан Гатен НД («Хатлон»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

18 сентябр. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Душанбе» – 5:0

Голҳо: Далер Ёдгоров, 18 (1:0). Комрон Турсунов, 53 (2:0). Дилшод Бозоров, 61 (3:0). Дилшод Бозоров, 64 (4:0). Артём Сердюк, 86 (5:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Далер Ёдгоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

18 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2100 тамошобин.

«Истиқлол» – «Равшан» – 2:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 80 – аз пеналти (1:0). Ваҳдат Ҳанонов, 90+4 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

18 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

18

14

3

1

55-7

45

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

18

11

2

5

38-19

35

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

19

8

5

6

22-19

29

4

ССКА (Душанбе)

19

7

6

6

24-24

27

5

«Хатлон» (Бохтар)

19

7

5

7

21-24

26

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

19

7

3

9

27-33

24

7

«Равшан» (Кӯлоб)

19

5

8

6

18-22

23

8

«Душанбе» (Душанбе)

19

4

6

9

20-42

18

9

«Файзканд» (Восеъ)

19

4

5

10

13-25

17

10

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

19

3

5

11

22-45

14

Нишонзанҳо: Рустам Соиров («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 10-тӯбӣ, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 9-тӯбӣ, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб.

Даври 20-ум

21 сентябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Файзканд» – «Хуҷанд»

«Истиқлол» – «Хатлон»

22 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Равшан» – ССКА

«Душанбе» – «Эсхата»

«Кӯктош» – «Истаравшан»

XS
SM
MD
LG