Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарое, ки ба сари муҳоҷирон омад. Чаро Русия дигарбора тоҷиконро "чап" гирифт? ВИДЕО


Лаҳзае аз сабти барнома
Лаҳзае аз сабти барнома

Имрӯз дар бораи моҷарое суҳбат мекунем, ки ба сари муҳоҷирони тоҷик ба қавле фалокат овард. Баҳси зиёде ҳоло дар бораитаҷовуз ва қатли як пиразани рус дар саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм идома дорад ва ҳамчунин дар вебсайти Радиои Озодӣ.

Ҳодиса рӯзи 13-уми сентябр дар рустои Бужаниново дар вилояти Маскав рух дод ва мардумро ба ҳадде хашмгин кард, ки барои интиқомгирӣ ба як хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик дар наздикии деҳа омаданд ва аз маъмурони милиса хостанд, ба истилоҳ муҳоҷиронро аз инҷо дафъ кунанд.

Агар муҳоҷир дар ватани худ одобу рафтори ҷомеаро надошта бошад, дар ҳиҷрат танҳо доғи миллат аст. Шояд муҳоҷиронро пеш аз ҳиҷрат, аз ғалбери равониву сиёсӣ гузаронидан зарур бошад.
Шаҳрия Аҳтамзод

Бисёре аз корбарон навиштаанд, ки ҷинояткорон бояд ҷазо бигиранд, чун обрӯи муҳоҷиронро, ки худашон бе ин ҳам ба тасарруфи ҷойи кори мардуми рус таънаву маломат мешунаванд, мерезонанд.

Корбаре бо номи Амир Тоҷиев шарҳеро бо ҳамин мазмун дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузошта, омилони ҷиноятро накӯҳиш кардааст. Шарҳаш чунин аст: "Аз пушти як касофат, ҳамаи муҳоҷирон дар бало монданд. Ба номи тоҷик лаънат овард, вале агар ҳар касе набошад, ҳоли муҳоҷиронро бад мекунад."

Гуруҳи дигаре гуфтаанд, набояд барои ҷинояти ду нафар тамоми миллатеро паст заду бадном кард. Шарҳи Зоҳириддин Раҳимовро мехонем, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузоштааст:

"Бояд мақомоти интизомӣ дурусту босамар кор кунанд ва тамоми муҳоҷиронро гунаҳкор нашуморанд. Набояд барои унсурҳои алоҳидаи ҷиноӣ, тамоми як миллатро паст занеду ҳуқуқашро зери по кунед. Бидуни шак ҷинояткор бояд ҷазо бигирад."

Барномаро дар Ютюб бинед:

Ба андешаи иддае, афзоиши рейду фишор ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон дар Русия шояд ҳадафҳои сиёсӣ дошта бошад ва мувофиқ наомадани мавзеъгириҳои Тоҷикистону Русия дар баробари "Толибон" робита мегирад, ки яке гуфтааст, аслан "Толибон"-ро қабул надорад ва дигарӣ гуфтааст, бо назардошти рафтори "Толибон" бо онҳо ҳамкорӣ мекунад.

Корбаре бо номи Исфандиёр Халилӣ чунин шарҳеро дар саҳифаи мо дар Фейсбук гузоштааст: "Ба фикрам, ин ҷо бозии сиёсие ниҳон аст. Баъд аз эъломи мавқеи Тоҷикистон нисбат ба қазияи Афғонистон, ки Чину Русия ҷонибдори ба расмият шинохтани "Толибон" буданд, муҳоҷирситезӣ ва депорт шуруъ шуда истодааст. Ин шояд як навъ фишор ба давлати Тоҷикистон аст, то ба давлати "Толибон" мухолифат накунад. Вагарна барои гумонбар шудани ду се муҳоҷир, чаро бояд ҳамаи муҳоҷирон ҷазо бинанд?"

Корбари дигаре ҳам бо ишора ба таҷрибаҳои қаблӣ ва гоҳ-гоҳ зери фишор қарор гирифтани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба сабабҳои сиёсӣ, шояд ин дафъа ҳам мақомот аз фурсат истифода бурда ба Тоҷикистон фишор меоранд. Номи ин корбар дар Фейсбук Зубайдулло Маҳмадуллозода аст ва ӯ чунин менависад: "Ин маротибаи аввал нест, ки ҳангоми мухолиф омадани мавқеъҳо дар масоиле, бечора муҳоҷирон бо ҳар баҳона зери ранҷу ситам қарор дода мешаванд. Ҷинояткор ҳар касе, ки набошад бигзор муҷозот шавад."

Аз бадномӣ то тарбияи муҳоҷирон дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Як гуруҳи дигаре аз корбарон гуфтаанд, роҳи хуби эмин мондан аз ин ҳама мусибату балое, ки ба сари муҳоҷирон меояд, тарбияи дуруст ва нишон додани арзишҳои ахлоқӣ ва риояти расму русуму кишвари мизбон ва эҳтиром ба қонунҳои он бошад. Шаҳрия Аҳтамзод, адиби тоҷик, дар ин бора шарҳи кӯтоҳе дар саҳифаи мо дар Фейсбук гузоштааст ва он ҳам чунин аст: "Агар муҳоҷир дар ватани худ одобу рафтори ҷомеаро надошта бошад, дар ҳиҷрат танҳо доғи миллат аст. Шояд муҳоҷиронро пеш аз ҳиҷрат, аз ғалбери равониву сиёсӣ гузаронидан зарур бошад."

Корбаре зоҳиран дар посух ба ӯ гуфтааст, ҳамин муҳоҷират аст, ки сабаб мешавад, дар баъзе аз оилаҳои тоҷик фарзандон тарбияи дуруст намегиранд. Шарҳи ин корбарро, ки худро Мазбутҷон Муҳаммадиев муаррифӣ кардааст, ҳамроҳ мехонем: "Аз куҷо одобу ахлоқ ёд гирад бечора тоҷик, падар муҳоҷир, модар ба бори рӯзгор банд, омӯзгори бечора аз тангдастӣ дар мактабу ҷомеа обрӯ надорад. Ҷавонон бо расидан ба синни камол роҳи муҳоҷиратро интихоб мекунанд. Дар муҳоҷират хориву зулму ҷаҳолат мебинад, пас аз куҷо тарбияи заруриро пайдо кунад?"

Шумо ҳам назари нависед, дар вебсайти Радиои Озодӣ ва ё саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм ва Ютюб. Ё дар видео сабт карда, ба ин шумора +420 607 900 808 бифристед.
XS
SM
MD
LG