Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу (Asian Jiu Jitsu Championship 2021), ки аз 12-ум то 16-уми сентябр дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, варзишгарони тоҷик 4 медал (1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ ҳудуди 500 варзишгар аз 19 кишвар ширкат дошт. Тоҷикистонро се нафар намояндагӣ карданд.

Ба иттилои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Маъруфҷон Назарзода, ки дар рақобатҳо дар вазни беш аз 94 кило ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт, бо медали тилло сарфароз гашт. Ӯ дар финал ба варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ил Йок Ҷон дастболо шуд.

Ҷойҳои севумро варзишгари қазоқ Еркебулан Алтимбеков ва намояндаи Баҳрайн Холид Фараҷ соҳиб гаштанд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Малика Бобоева дар сабқати занон дар вазни то 45 кило се медал ба даст овард. Ӯ дар бахши “Adults Contact” (расиш) медали нуқра, дар бахшҳои “Adults” ва “Adults Fighting” (мубориза) ду медали биринҷӣ гирифт.

Ҷиу-ҷитсу як навъи муҳорибаи омехта аст, ки ҳам усулҳои гуштиро дорад ва ҳам усулҳои муштзаниву кикбоксингро. Ин навъи варзиш аз Ҷопон бархоста, батадриҷ дар саросари дунё густариш ёфтааст. Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон соли 2011 ташкил шудааст. Ҳоло дар кишвар ҳудуди 2500 нафар бо ҷиу-ҷитсу машғуланд, ки дар байни онҳо духтарон ҳам ҳастанд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон ва бузургсолон, инчунин Фестивал ё Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу, ки моҳи апрели соли 2019 дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 16 медал, аз он ҷумла 7 нишони тилло ба даст оварданд.

Инчунин варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқобод – баргузор шуд, дар мусобиқаи ҷиу-ҷитсу соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.

Ҷиу-ҷитсу барои аввалин бор ба барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия барпо гардид, дохил шудааст.

Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо дар намуди ҷиу-ҷитсу се варзишгар дар сабқати мардон намояндагӣ карданд, вале натавонистанд медал ба даст биёранд.

XS
SM
MD
LG