Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар радабандии FIFA ду зина поин шуд


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 16-уми сентябр дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, ду зина поин шуд ва дар байни 210 кишвар бо 1158 имтиёз дар ҷойи 118-ум қарор гирифт.

Дар ин феҳрист мисли пешин Белгия бо 1832 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Бразилия бо 1811 имтиёз дар зинаи дувум ва Англия бо 1775 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 21-умро соҳиб гаштааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1538 имтиёз дар зинаи 22-юм) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 26-ум, 1520 имтиёз) ва Австралия севум (дар ҷаҳон 32-юм, 1493 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (27-ум, 1520 имтиёз), Русия (37-ум, 1475 имтиёз) ва Узбекистон (84-ум, 1282 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (120-ум), Туркманистон (130-юм), Латвия (135-ум), Литва (137-ум) ва Молдова (180-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (84-ум) ва Қирғизистон (98-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Радабандӣ ё рейтинги FIFA аз 16-уми сентябри соли 2021

Даҳгонаи аввал:

  1. (1). Белгия - 1832
  2. (2). Бразилия - 1811
  3. (4). Англия - 1755
  4. (3). Фаронса - 1754
  5. (5). Италия - 1735
  6. (6). Аргентина - 1725
  7. (8). Португалия - 1674
  8. (7). Испания - 1673
  9. (9). Мексика - 1666
  10. (11). Дания - 1658

Кишварҳои ИДМ:

  • Украина - 1520 имтиёз, ҷойи 27-ум (дар радабандии пешин - 25-ум).
  • Русия - 1475, 37 (41).
  • Узбекистан - 1282, 84 (83).
  • Арманистон - 1262, 89 (88).
  • Беларус - 1254, 90 (89).
  • Гурҷистон - 12401, 96 (91).
  • Қирғизистон - 1230, 98 (101).
  • Эстония - 1174, 111 (110).
  • Озарбойҷон - 1159, 117 (112).
  • Тоҷикистон - 1158, 118 (116).
  • Қазоқистон - 1151, 120 (124).
  • Туркманистон - 1117, 130 (130).
  • Латвия - 1092, 135 (136).
  • Литва - 1082, 137 (134).
  • Молдова - 940, 180 (175).
XS
SM
MD
LG