Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол”-и Тоҷикистон бозиро ба “Персеполис”-и Эрон бохт


Бозигарони тими “Персеполис”-и Эрон. Аз бойгонӣ
Бозигарони тими “Персеполис”-и Эрон. Аз бойгонӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони нӯҳкаратаи Тоҷикистон, дар бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 аз тими “Персеполис”-и Эрон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд ва аз ҳаққи иштирок дар чорякфинал маҳрум гашт.

Ин бозӣ шаби 14-уми сентябр бо ҳузури 17200 тамошобин дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд. Ҳарчанд дастаҳо дар нимаи аввали бозӣ имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, ҳисоб кушода нашуд.

Дар охири нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 90-ум, бозигари меҳмонон Меҳдӣ Туробӣ тӯбро аз ҷаримагоҳи “Истиқлол” ба ҳадаф расонд. Дарвозабони ҷавони мизбонон Муҳриддин Ҳасанов муқобили зарбаи нишонраси ӯ кореро анҷом дода натавонист ва маҷбур шуд, тӯбро аз даруни дарвозааш бигирад.

Иин голи ягона ба “Персеполис” пирӯзӣ овард ва қаҳрамони Эрон ба чорякфинал роҳ пайдо кард.

Ҳайати дастаҳо чунин буд:

“Истиқлол”: Муҳриддин Ҳасанов, Ваҳдат Ҳанонов, Алексей Ларин, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Алишер Ҷалилов (капитан), Амирбек Ҷӯрабоев, Ислом Зоиров, Аҳтам Назаров (Шервонӣ Мабатшоев, 87), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров.

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ: Мубин Эргашев (Тоҷикистон).

Дастаи "Истиқлол" имсол бори даҳум Суперҷоми Тоҷикистонро аз худ кард
Дастаи "Истиқлол" имсол бори даҳум Суперҷоми Тоҷикистонро аз худ кард

“Персеполис”: Ҳамид Лак, Саид Оқоӣ, Ҷалол Ҳусейнӣ (капитан), Фаршод Фараҷӣ, Сиёмак Неъматӣ, Меҳдӣ Туробӣ, Милод Сарлак, Ризо Асадӣ, Умед Алишоҳ (Исо Аликасир, 79), Воҳид Амирӣ, Меҳдӣ Абдӣ (Ҳамид Покдил, 79).

Сармураббӣ: Яҳё Гулмуҳаммадӣ (Эрон)

Огоҳӣ гирифтанд: Фаршод Фараҷӣ, Воҳид Сарлак (ҳарду аз “Персеполис”), Манучеҳр Сафаров (“Истиқлол”).

Дар ин бозӣ дар ҳайати “Истиқлол” ҳимоятгар Андрей Мишенко , легионери украинӣ, бо сабаби гирифтани корти зиёдатӣ дар сабқати гурӯҳӣ ва дарвозабони асосӣ Рустам Ятимов ба иллати осеб дидан ширкат карда натавонистанд.

Сармураббии дастаи “Истиқлол” Виталий Левченко мебошад. Вале аз сабаби он ки ӯ муҷаввизи касбии PRO надорад, дар ин сабқати байналмилалӣ ҳуқуқи сармураббӣ шуданро надошт. Бинобар ин, Мубин Эргашев вазифаи сармураббиро иҷро кард, аммо дар асл ба бозии футболбозони “Истиқлол” Левченко роҳбарӣ менамуд ва дастур медод.

Бозӣ дар майдони рӯпуши сунъӣ сурат гирифт, ки ба он бозигарони “Истиқлол” одат кардаанд, вале дар чунин майдон ҳунарнамоӣ кардан барои футболбозони эронӣ каме мушкил эҷод кард.

“Персеполис” бошгоҳи хеле пурқувват аст, финалисти бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар соли гузашта мебошад. Пеш аз бозӣ муқобили “Истиқлол” сармураббии тими “Персеполис Яҳё Гулмуҳаммадӣ 13-уми сентябр дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, "рақобат бо “Истиқлол” чандон осон нахоҳад буд".

Бозии «Истиқлол» ва «Персеполис»-ро ҳакамон аз Ҷопон бо раҳбарии Ҳироюки Кимура доварӣ карданд. Субҳиддин Солеҳ аз Малайзия нозири доварон ва Алим Орифов аз Узбекистон комиссари бозӣ буданд.

Дар таърихи футболи тоҷик ин муҳимтарин бозӣ ба шумор мерафт. “Истиқлол” бошгоҳи аввалини Тоҷикистон аст, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё иштирок карда, ба марҳилаи баъдӣ роҳхат гирифтааст. «Персеполис» солҳои 2018 ва 2020 дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ба финал роҳ ёфтааст.

“ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН)

Бошгоҳ соли 2007 таъсис ёфтааст. “Истиқлол” дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад ва аз машҳуртарин, серунвонтарин ва қавитарин бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Қаҳрамони Тоҷикистон (9 бор): 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020

Ҷоизадори нуқра (1 бор): 2013

Ҷоизадори биринҷӣ (1 бор): 2012

Барандаи Суперҷом ё ҷоми олии Тоҷикистон (10 бор): 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон (8 бор): 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019

Барандаи Ҷоми Президенти AFC (1 бор): 2012

Барандаи Ҷоми ФФТ (6 бор): 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2021

Финалисти Ҷоми AFC (2 бор): 2015, 2017

"ПЕРСЕПОЛИС" (ЭРОН)

Бошгоҳ соли 1963 таъсис ёфтааст. Дар Лигаи бартари Эрон бозӣ мекунад ва аз машҳуртарин, серунвонтарин ва қавитарин бошгоҳҳои футболи Эрон ба шумор меравад.

Қаҳрамони Эрон (13 бор): 1971/72, 1973/74, 1975/76, 1995/96, 1996/97, 1998/99, 1999/00, 2001/02, 2007/08, 2016/17, 2017/18, 2018/19, 2019/20

Ҷоизадори нуқра (9 бор): 1974/75, 1976/77, 1977/78, 1989/90, 1992/93, 1993/94, 2000/01, 2013/14, 2015/16.

Барандаи Ҷоми Эрон (6 бор): 1987/88, 1990/91, 1998/99, 2009/10, 2010/11, 2018/2019.

Финалисти Ҷоми Эрон (2 бор): 2005/06, 2012/13.:

Барандаи Ҷоми дорандагони ҷомҳои Осиё (Лигаи қаҳрамонҳои AFC, 1 бор): 1991.

Финалисти Ҷоми дорандагони ҷомҳои Осиё (Лигаи қаҳрамонҳои AFC, 3 бор): 1993, 2018, 2020.

XS
SM
MD
LG