Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен: "Амрико робитаҳои худро бо Покистон бозбинӣ мекунад"


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 13-уми сентябр эълон кард, ки Вашингтон дар ҳафтаҳои оянда робитаҳои худро бо Покистон бинобар таҳаввулоти ахири Афғонистон бозбинӣ мекунад.

Энтони Блинкен, ки дар Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси Намояндагони Амрико ба пурсишҳои вакилон посух медод, гуфт, Покистон манфиатҳои зиёде дар Афғонистон дорад, ки баъзе аз онҳо бо манофеи Иёлоти Муттаҳида дар тазод аст.

Вай изҳор дошт, "як масъала, бозиҳои дугонаи ҳамешагии онҳо дар робита бо ояндаи Афғонистон аст. Масъалаи дигар паноҳ додан ба аъзои "Толибон" аст... як масъала ҳам ин аст, ки ҳамкориҳои мутафовит бо мо дар мубориза бо терроризм доштааст."

Энтони Блинкен сипас дар посух ба ин суоли як намояндаи Конгресс, ки оё вақти он нарасидааст, ки Амрико робитаҳояшро бо Покистон бозбинӣ кунад, гуфт, "ин кор ба зудӣ сурат хоҳад гирифт". Вай изҳор дошт, "ин коре аст, ки дар чанд рӯз ё чанд ҳафтаи оянда анҷом хоҳем".

Покистон робитаҳои амиқе бо "Толибон" дорад ва ба ҳимоят аз ин гурӯҳ дар ҷангҳо бо ҳукумати мавриди ҳимояти Амрико дар Афғонистон муттаҳам будааст. Аммо Покистон ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст.

Дар ҳоли ҳозир Покистон ба ҳамроҳии Қатар яке аз ду кишваре ба шумор меравад, ки бештарин нуфузро дар миёни "Толибон" дорад. Баъд аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар тирамоҳи соли 2001, бисёре аз раҳбарони "Толибон" ба Покистон фирор карданд.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар робита ба таҳаввулоти Афғонистон пас аз суқути Кобул, дар вазъияти душворе қарор гирифтаанд. Аз як тараф ин кишварҳо намехоҳанд, ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият бишносанд, аз сӯйи дигар бо ҳадафи пешгирӣ аз вуқӯи бӯҳрони инсонӣ дар Афғонистон ногузиранд бо "Толибон" гуфтугӯ кунанд.

Шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон рӯзи 15-уми август пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ ба дасти "Толибон" афтод. Кишварҳои ҷаҳон интизор доштанд, ки ин гурӯҳ як ҳукумати фарогирро дар Афғонистон ташкил мекунад. Аммо тақрибан пас аз 20 рӯзи суқути Кобул ҳукумати нав эълон шуд, ки аз аъзои "Толибон" таркиб ёфтааст. То кунун ҳеч кишвари ҷаҳон "Толибон"-ро ба расмият нашнохтааст.

XS
SM
MD
LG