Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд", "Равшан" ва "Эсхата" ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Се бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзҳои 11-12-уми сентябр баргузор шуд. Аз рӯи натиҷагирии бозиҳо ду дастаи шаҳри Хуҷанд - «Хуҷанд» ва «Эсхата», инчунин «Равшан»-и Кӯлоб ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар чорякфинал рӯзи шанбе «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и Бохтар рақобат кард. Бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Ду бозии дигари чорякниҳоӣ рӯзи якшанбе, 12-уми сентябр, доир гардид. Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд дастаҳои «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Эсхата» (Хуҷанд) вориди рақобат шуданд. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар замони изофа низ ҳисоб тағйир наёфт. Ғолибро силсилаи пеналти муайян кард – 3:2 ба нафъи “Эсхата”.

ССКА-и Душанбе дар майдони худ бо «Равшан»-и Кӯлоб рӯбарӯ шуд. Меҳмонон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Бозии охирини даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва “Файзканд”-и Восеъ бинобар иштироки қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 муқобили “Персеполис”-и Эрон (14-уми сентябр) мавқуф гузошта шуд.

Ба ин тартиб, дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 “Хуҷанд” бо “Равшан” ва “Эсхата” бо ғолиби ҷуфти чорякниҳоӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва “Файзканд” рақобат хоҳанд кард.

Тибқи низомнома бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ ва нимфинал аз ду бозӣ (хона-сафар) иборат аст. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

1/4 финал

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Далер Ёдгоров, 61.

11 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоқикистон». 1500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Эсхата» – 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:3

Голҳо: Рустамҷон Сабуров, 12 (0:1). Аҳрорбек Уктамов, 14 (1:1).

12 сентябр. Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». 3300 тамошобин.

ССКА – «Равшан» – 1:2

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 7 (1:0). Ҳасан Рустамов, 12 (1:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 45+2 (1:2).

12 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошобин.

XS
SM
MD
LG