Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш шоҳҷоизаи гуштини Душанбе насиби паҳлавонони Тоҷикистону Русия ва Узбекистон шуд


Темур Раҳимов (бо либоси сабз)
Темур Раҳимов (бо либоси сабз)

Дувумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ (гуштингирӣ) рӯзи якшанбеи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонон аз 13 кишвар - Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон - баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи гуштингирии ҷумҳурӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир гардид.

Рақобатҳо дар 5 вазн: 60 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг, +90 кг миёни мардон ва дар як вазн – 65 кг миёни занон сурат гирифтанд. Ғолибони ҳар 6 вазн бо шоҳҷоизаҳо – автомобили сабукрав – мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин, барандагони медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор доллари ИМА ва барандагони медалҳои биринҷӣ соҳиби 1,5 ҳазор доллар гаштанд.

Бори аввал ғолиб дар рақобатҳои даставӣ муайян шуда, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи ҳазор доллари ИМА сарфароз шуд.

Ғолибону ҷоизадорони дувумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ (гуштингирӣ):

Занон

65 кг
1. Камила БОБУРОВА (Русия)
2. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА (Тоҷикистон)
3. Ҷонона НАЗАРОВА (Тоҷикистон)
3. Жанара КАШКИН (Қазоқистон)

Мардон

60 кг
1. Хайрандеш МУРОДЗОДА (Тоҷикистон)
2. Ҳақдод ГУЛОВ (Тоҷикистон)
3. Сорбон ЛАТИФОВ (Тоҷикистон)
3. Муҳаммадӣ БАРИМ (Эрон)

70 кг
1. Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ (Тоҷикистон)
2. Муллораҷаб ХАЛИФАЕВ (Тоҷикистон)
3. Аҳмад МАСЪУД (Тоҷикистон)
3. Дилшод ҶӮРАЕВ (Узбекистон)

80 кг
1. Умар БОЗОРОВ (Узбекистон)
2. Ҳамроз РАҶАБОВ (Тоҷикистон)
3. Муҳаммад АБДУҶАЛИЛОВ (Тоҷикистон)
3. Ҳайдар САИДАКБАРЗОДА (Тоҷикистон)

90 кг
1. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (Тоҷикистон)
2. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (Тоҷикистон)
3. Гергий ПОПУНАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Ҷонибек КОЗОКОВ (Узбекистон)

+90 кг
1. Темур РАҲИМОВ (Тоҷикистон)
2. Бекмурод ОЛТИБОЕВ (Узбекистон)
3. Шарифҷон НАЗРИЕВ (Тоҷикистон)
3. Иброҳим ШАҲРИЁР (Эрон)

Ҳамчунин ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бештари медалҳоро ба даст овард, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.

Ин дувуми мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ (гуштингирӣ) дар Тоҷикистон аст. Сабқати аввал моҳи июни имсол ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG