Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022: Ҷопон Чинро мағлуб кард, пирӯзии дуюми Эрон ва Австралия


Бозиҳои даври дуюми марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё рӯзи 7-уми сентябр баргузор шуданд. Дар ин марҳила 12 дастаи беҳтарини қора, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, рақобат карданд.

Дар гурӯҳи «А» тими миллии Эрон ғалабаи дуюм ба даст овард. Эрониҳо мунтахаби Ироқро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Дар даври аввал (2-юми сентябр) мунтахаби Эрон ба Сурия бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буд. Ҳамин тариқ, Эрон бо 6 имтиёз дар ин гурӯҳ пешсаф аст.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки баъди мусовӣ бо Ироқ (0:0) дар даври дуюм Лубнонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюм аст.

Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб, ки бозиро бо Сурия мусовӣ кард (1:1), бо 2 имтиёз ҷойи сеюмро касб кардааст. Сурия, Лубнон ва Ироқ якимтиёзӣ гирифтаанд.

Дар гурӯҳи “В” мунтахаби Ҷопон, баъди бохти ғайричашмдошт дар майдони худ ба Умон, дар даври дуюм Чинро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Бозӣ рӯзи сешанбе дар Доҳаи Қатар баргузор шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 40-ум Юя Осако зад.

Дар бозиҳои дигари даври дуюм дар гурӯҳи «В» Австралия ба Ветнам ва Арабистони Саудӣ ба Умон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуданд. Баъди ду давр Австралия ва Арабистони Саудӣ бо 6-имтиёзӣ пешқадаманд. Ҷопон ва Умон бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд. Ветнам ва Чин имтиёз нагирифтаанд.

Ёдовар мешавем, дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ду ҷойи аввалро ишғол мекунанд, мустақиман ба қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи сеюмро соҳиб мешавад, ба ҳаққи иштирок дар плей-офф мушарраф мегардад.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Осиё, марҳилаи сеюм

Даври 1-ум, 2-юми сентябр

Гурӯҳи “А”

Кореяи Ҷанубӣ - Ироқ - 0:0

Эрон - Сурия - 1:0

Иморот - Лубнон - 0:0

Гурӯҳи “В”

Австралия - Чин - 3:0

Арабистони Саудӣ - Ветнам - 3:1

Ҷопон - Умон - 0:1

Даври 2-юм, 7-уми сентябр

Гурӯҳи «А»

Сурия - Иморот - 1:1 (0:1)

Кореяи Ҷанубӣ - Лубнон - 1:0 (0:0)

Ироқ - Эрон - 0:3 (0:1)

Гурӯҳи «В»

Ветнам - Австралия - 0:1 (0:1)

Чин - Ҷопон - 0:1 (0:1)

Умон – Арабистони Саудӣ - 0:1 (0:1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG