Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо 10 медал дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар ҷойи ҳафтум аст


Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки дар шаҳри Қазони Тотористони Русия ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик дар панҷ рӯзи рақобатҳо 10 медал – 6 нуқра ва 4 биринҷӣ – гирифтаанд. Тоҷикистон дар байни 9 кишвари ширкаткунандаи Бозиҳо ҷойи ҳафтумро касб кардааст.

Дар сабқати гуштии юнониву румӣ Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 60 кило соҳиби медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило барандаи медали биринҷӣ шуданд. Дар сабқати гуштии озод Муҳаммад Икромов дар вазни то 61 кило ва Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило сазовори медалҳои нуқра гардиданд.

Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс дар вазни то 75 кило ба даст овард. Дар сабқати гуштии камарбандӣ Фирӯзҷон Зиёев дар вазни то 68 кило ва Дилшод Қурбонов дар вазни то 82 кило соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар сабқати гуштии кураш Хуршедшоҳ Каримзода дар вазни то 60 кило ва Ҳоҷиакбар Тошмуродов дар вазни то 80 кило медалҳои нуқра, инчунин Қурбоналӣ Охунов дар вазни то 75 кило медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ беш аз 1100 варзишгар аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат меварзанд. Синну соли варзишгарон аз 14 то 23-сола мебошад. Онҳо барои 182 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 11 иншооти варзишии Қазон мубориза мебаранд.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ мекунанд.

Ба барномаи мусобиқот, ки то 11-уми сентябр идома хоҳад кард, 16 намуди варзиш дохил аст: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гуштии камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпарронӣ, самбо, гуштии варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ.

Ёдовар мешавем, ғояи гузаронидани аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт. Қарор оид ба баргузор кардани аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25-уми октябри соли 2019 қабул шуд.

Дар аввал баргузории аввалин Бозиҳои ИДМ моҳи августи соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, аммо баъдтар бо сабаби пандемияи COVID-19 ба таъхир андохта шуд. Қарор аст, ки бозиҳо ҳар ду сол дар ҳар як кишвари ИДМ баргузор шаванд.

Баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шудааст, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон дар мақоми ҳафтум қарор дошта, аз Арманистону Молдова пеш аст.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ

Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ

1

Русия

51

15

14

80

2

Узбекистон

15

18

14

47

3

Қазоқистон

7

15

28

50

4

Озарбойҷон

7

5

14

26

5

Беларус

2

11

7

20

6

Қирғизистон

2

10

18

30

7

Тоҷикистон

0

6

4

10

8

Арманистон

0

4

1

5

9

Молдова

0

0

6

6

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG