Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳарду бозии дӯстонаро бо Баҳрайн дар Манама мусовӣ кард


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон ҳарду бозии дӯстонаро бо тими ҷавонони Баҳрайн (U-23) дар Манама бо натиҷаҳои мусовӣ анҷом дод. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) ва Баҳрайн (U-23) дар Манама дар доираи омодагии футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 баргузор шуданд.

Бозии аввали дӯстона, ки 3-юми сентябр дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити» доир гардид, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Бозии дувуми дӯстона, ки 6-уми сентябр дар ҳамон варзишгоҳи Манама сурат гирифт, бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. Ҳарду голи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро капитан ё сарвони даста Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонид.

Бозиҳои дӯстона

Баҳрайн (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 0:0

Тоҷикистон: Далер Азизов, Шоҳрух Сангов (Фирдавс Алиназаров, 82), Наимҷон Иброҳимзода, Алиҷон Кароматуллозода, Ҳусейн Нурматов, Кароматулло Саидов (Шуҳрат Элмуродов, 82), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Муҳаммад Саломзода, 68), Абдулмуъмин Забиров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 68), Эҳсони Панҷшанбе (Нуриддин Ҳамроқулов, 87), Далер Ёдгоров (Сорбон Авғонов, 68), Шаҳром Самиев (Шарафҷон Солеҳов, 68).

Сармураббӣ Мубин Эргашев.

3-юми сентябр. Манама. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити».

Баҳрайн (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 2:2

Голҳои Тоҷикистон: Эҳсони Панҷшанбе (2).

Тоҷикистон (U-23): Далер Азизов, Шоҳрух Сангов (Исроил Идиев, 59), Наимҷон Иброҳимзода, Алиҷон Кароматуллозода, Ҳусейн Нурматов (Абдулмуъмин Забиров, 77), Кароматулло Саидов, Сорбон Авғонов, Эҳсони Панҷшанбе (Эмомалӣ Аҳмадхон, 68), Далер Ёдгоров (Хуршед Абдуллоев, 59), Шаҳром Самиев (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 68), Нуриддин Ҳамроқулов.

Сармураббӣ Мубин Эргашев.

6-уми сентябр. Манама. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити».

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-ум то 31-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад, дар гурӯҳи «В» рақобат хоҳад кард. Футболбозони ҷавони тоҷик 27-уми октябр бо мунтахаби Лубнон, 29-уми октябр бо дастаи Непал ва 31-уми октябр бо тими Эрон бозӣ мекунанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG