Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се голи беҷавоби "Истиқлол" ба дарвозаи "Равшан"


Дастаи "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ.
Дастаи "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 8-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Бозӣ шоми якшанбеи 5-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Манучеҳр Ҷалилов ду гол ва Ислом Зоиров як гол заданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки аз 17 бозӣ 42 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. «Хуҷанд» бо 32 имтиёз аз 17 бозӣ дар зинаи дувум ҷойгир шудааст. «Истаравшан» бо 26 имтиёз аз 18 бозӣ зинаи севумро азони худ кардааст.

Марҳилаи севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 17-уми сентябр оғоз меёбад. Бозиҳои даври 19-уми мусобиқа рӯзҳои 17-18-уми сентябр доир хоҳанд шуд.

17-уми сентябр «Истаравшан» бо «Файзканд», «Эсхата» бо ССКА, 18-уми сентябр «Истиқлол» бо «Равшан», «Хатлон» бо «Кӯктош» ва «Хуҷанд» бо «Душанбе» бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 8-ум

«Истиқлол» – «Равшан» – 3:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 13 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 60 (2:0). Ислом Зоиров, 80 (3:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Зоир Ҷӯрабоев (Шарифбек Раҳматов, 25), Алексей Ларин, Ваҳдат Ханонов, Петар Патев (Рёта Нома, 46), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров (Андрей Мишенко, 87), Алишер Ҷалилов, Ислом Зоиров (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 87), Манучеҳр Ҷалилов (Салам Ашӯрмамадов, 87), Рустам Соиров.

«Равшан» (Кӯлоб): Муҳриддин Аҳмадов, Ҳасан Рустамов, Бенҷамин Асамоа, Ҳасан Рустамов, Сайидамири Сайидаҳмад, Абдураҳмон Нозимов, Шодиҷон Муродов, Мусо Иброҳимов, Амирҷони Фаррухзод, Наврӯз Рустамов (Амирҷони Фаррухзод, 62), Овусу Обед (Эффаҳ Кингслей Осей, 62).

Огоҳӣ гирифтанд: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров («Истиқлол»), Сайидамири Сайидаҳмад («Равшан»).

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

5-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

17

13

3

1

53-7

42

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

17

10

2

5

33-19

32

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

18

7

5

6

21-19

26

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

18

7

3

8

26-31

24

5

ССКА (Душанбе)

18

6

6

6

22-23

24

6

«Хатлон» (Бохтар)

18

6

5

7

18-24

23

7

«Равшан» (Кӯлоб)

18

5

8

5

18-20

23

8

«Душанбе» (Душанбе)

18

4

6

8

20-37

18

9

«Файзканд» (Восеъ)

18

4

5

9

13-24

17

10

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

18

3

5

10

22-42

14

Нишонзанҳо: Рустам Соиров («Истиқлол») – 10 тӯб, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Акобир Тураев («Эсхата») – 9-тӯбӣ, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Дилшод Бозоров, Артём Сердюк (ҳарду аз «Хуҷанд») – 8-тӯбӣ, Абдухалил Боронов («Файзканд») – 7 тӯб.

Даври 19-ум

17 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Истаравшан» – «Файзканд»

«Эсхата» – ССКА

18 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Истиқлол» – «Равшан»

«Хатлон» – «Кӯктош»

«Хуҷанд» – «Душанбе»

XS
SM
MD
LG