Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Паралимпиадаи Токио-2020 ғолиб шуд


Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ, ки дар Токиои Ҷопон бо ширкати 4400 варзишгари маълул аз 162 кишвар ва инчунин дастаи паноҳандагон баргузор шуд, рӯзи 5-уми сентябр ба анҷом расид. Варзишгарони маълул барои 539 маҷмӯи медалҳо дар 22 намуд мубориза бурданд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо 25-уми август оғоз ёфта, 12 рӯз идома кард. Дар Паралимпиадаи Токио-2020 аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо ва ҳам бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Чин мақоми аввалро ишғол намуд. Варзишгарони ин кишвар 207 медал, аз он ҷумла 96 нишони тилло, 60 нуқра ва 51 биринҷӣ, гирифтанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Британияи Кабир бо касби 124 медал, аз ҷумла 41 нишони тилло, 38 нуқра ва 45 биринҷӣ, соҳиб шуд. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 104 медал, ки 37-тоаш тилло, 36-тоаш нуқра ва 31-тоаш биринҷист, дар мақоми севум қарор гирифт.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Кумитаи паралимпии Русия (36-33-49), Нидерланд (25-17-17), Украина (24-47-27), Бразилия (22-20-30), Австралия (21-29-30), Италия (14-29-26) ва Озарбойҷон (14-1-4) дохил шуданд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷуз аз Русия, Украина ва Озарбойҷон боз намояндагони 6 кишвар - Узбекистон (8-5-6), Беларус (5-1-1), Қазоқистон (1-3-1), Латвия (0-3-2), Гурҷистон (0-3-0) ва Литва (0-0-3) медал гирифтанд.

Умуман, варзишгарони 86 кишвар бо медалҳои Паралимпиадаи Токио-2020 мукофотонида шуданд, аз он ҷумла намояндагони 62 кишвар соҳиби медалҳои тилло гаштанд.

Дар Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Акмал Қодиров - намояндагӣ кард. Ӯ дар Паралимпиада дар риштаи варзиши сабук, дар рақобатҳо оид ба гулӯлапартоӣ иштирок намуд, вале аз медал бенасиб монд.

Акмали 39-сола дар сабқати ниҳоии гулӯлапартоӣ, ки бо иштироки 9 нафар варзишгарони маълул аз Олмон, Эрон, Кувайт, Люксембург, Шри-Ланка, Узбекистон, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ ва Тоҷикистон баргузор шуд, бо натиҷаи 8 метру 44 сантиметр дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Алед Девиси олмонӣ бо натиҷаи 15.33 ғолиб шуд. Мақоми дувумро Саҷод Муҳаммадиёни эронӣ бо натиҷаи 14:88 касб намуд. Мқоми севум насиби Файсал Сурури кувайтӣ (14:13) гардид.

Рӯзи 5-уми сентябр дар маросими пӯшидашавии Паралимпиада дар Токио, ки паради кишварҳои иштироккунандаи бозиҳо доир гардид, парчами Кумитаи байналмилалии паралимпӣ поин фароварда шуд.

Дар поёни маросим эълом гардид ҳаққи мизбонии Паралимпиадаи навбатӣ ба Париж дода шудааст, ки бори аввал дар соли 2024 чунин мусобиқаҳоро баргузор мекунад.

Даҳгонаи аввали кишварҳои ҷоизадори Паралимпиадаи Токио-2020

Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ

1

Чин

96

60

51

207

2

Британия

41

38

45

124

3

ИМА

37

36

31

104

4

Русия

36

33

49

118

5

Нидерланд

25

17

17

59

6

Украина

24

47

27

98

7

Бразилия

22

20

30

72

8

Австралия

21

29

30

80

9

Италия

14

29

26

69

10

Озарбойҷон

14

1

4

19

XS
SM
MD
LG