Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои зиддинақиз дар бораи Панҷшер


Аъзои Ҷабҳаи муқовимат
Аъзои Ҷабҳаи муқовимат

Гурӯҳи “Толибон” иддао карданд, ки назорати пурра бар Дараи Панҷшер, ки охирин нуқтаи муқовимати ин гурӯҳ мебошад, ба дасти онҳо гузашт, вале Ҷабҳаи муқовимат ин иддоҳоро рад кардааст. Феълан дарёфти маълумоти пурра дар бораи ҳодисаҳои Панҷшер имкон надорад, чун гурӯҳи ҷангӣ хати телефон, иртиботи Интернетиву барқро қатъ кардаанд. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки баъди суқути ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул беш аз се ҳафта пеш Толибон аксар қаламравҳои Афғонистонро таҳти назорати худ дароварданд. Толибон ҳар лаҳза метавонанд ҳайати ҳукумати нави худро эълон кунанд, дар ҳоле, ки водии Панҷшер, воқеъ дар 100-километрии шимолушарқи Кобул дар дасти нирӯҳои муқовимат боқӣ мемонад. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар як изҳороте 6-уми сентябр иддао кард, ки Панҷшер акнун зери назари ҷангиёни Толибон мебошад. Муҷоҳид гуфт, “бо ин пирӯзӣ кишвари мо комилан аз ботлоқи ҷанг халос хоҳад шуд”.

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Майсам Назарӣ ин иддаҳоро рад кард ва дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷанг дар водии иборат аз 200 ҳазор нафар идома дорад. Як навишта дар Твиттери ин ҷабҳа ҳокист, ки намояндагони нирӯҳои онҳо дар тамоми нуқоти стратегии водӣ қарор доранд, то ки муборизаро идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG