Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт медали варзишгарони тоҷик дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон


Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки дар шаҳри Қазони Тотористони Русия ҷараён дорад, аз Тоҷикистон беш аз 50 варзишгар иштирок дошта, дар 11 риштаи варзиш рақобат мекунанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо беш аз 1100 варзишгар аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат меварзанд. Синну соли варзишгарон аз 14 то 23-сола мебошад. Онҳо барои 182 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 11 иншооти варзишии Қазон мубориза мебаранд.

Маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ шоми шанбеи 4-уми сентябр дар хиёбони парчамҳои деҳаи Универсиадаи Қазон баргузор шуд.

"Баргузории нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ марҳилаи нав дар ҳаёти умумии варзишии мо мегардад. Он воқеаи муҳими ҷаҳони варзиш хоҳад шуд, ки арзишҳои варзишӣ, идеалҳои ҳаракати олимпӣ ва анъанаҳои халқҳои кишварҳои ИДМ-ро, ки дар намудҳои миллии варзиш таҷассум ёфтаанд., пайваст месозад. Бозиҳои аввали кишварҳои ИДМ-ро кушода эълон мекунам", - гуфт Леонид Анфимов, муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ин маросим.

Ба барномаи мусобиқот, ки то 11-уми сентябр идома хоҳад кард, 16 намуди варзиш дохил аст: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гуштии камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпарронӣ, самбо, гуштии варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ.

Дар ҳамин ҳол варзишгарони тоҷик дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ 7 медал – 4 нуқра ва 3 биринҷӣ – гирифтаанд.

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар риштаи гуштии юнониву румӣ ду медал ба даст оварданд. Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 60 кило соҳиби медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило барандаи медали биринҷӣ шуданд.

Дар мусобиқаи гуштии озод Муҳаммад Икромов дар вазни то 61 кило ва Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило сазовори медалҳои нуқра гардиданд. Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс, дар вазни то 75 кило ба даст овард.

Дар сабқати гуштии камарбандӣ Фирӯзҷон Зиёев дар вазни то 68 кило ва Дилшод Қурбонов дар вазни то 82 кило соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ғояи гузаронидани Бозиҳо аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт. Қарор оид ба баргузор кардани Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25 октябри соли 2019 қабул шуд.

Дар аввал баргузории нахустин Бозиҳои ИДМ моҳи августи соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, аммо баъдтар бо сабаби пандемияи COVID-19 ба таъхир андохта шуд. Қарор аст, ки Бозиҳо ҳар ду сол дар ҳар як кишвари ИДМ баргузор шаванд.

Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ-2021 дар Қазон таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шудааст.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ

Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ

1

Русия

40

15

12

67

2

Узбекистон

14

14

8

36

3

Қазоқистон

6

12

27

45

4

Озарбойҷон

6

4

12

22

5

Қирғизистон

2

9

14

25

6

Беларус

2

9

6

17

7

Тоҷикистон

0

4

3

7

8

Арманистон

0

3

1

4

9

Молдова

0

0

6

6

XS
SM
MD
LG