Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати мунтахаби ҷаҳон дар мусобиқаи ҷудо дар Русия


Somon Mahmadbekov
Somon Mahmadbekov

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано, ки дар доираи Форуми иқтисодии Шарқ дар шаҳри Владивостоки Русия баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Форуми иқтисодии Шарқ (https://forumvostok.ru), мусобиқаи ҳарсолаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано, поягузори ин риштаи олимпии варзиш, ки таҳти сарпарастии президенти Русия Владимир Путин доир мегардад, 3-юми сентябр дар Владивосток дар доираи барномаи варзишӣ ва фароғатии Форуми иқтисодии Шарқ баргузор мешавад. Мусобиқа дар шакли нав – рақобатҳо миёни дастаҳои наврасони Русия ва ҷаҳон сурат мегирад.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон қаҳрамонону ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳонӣ, Аврупо ва Осиё, ғолибони Ҷоми ҷаҳон, инчунин барандагони мусобиқоти "Тоскулоҳи бузург" (Grand Slam) дар риштаи ҷудо миёни ҷавонони то 23-сола дар солҳои 2019-2021 аз Маҷористон (Венгрия), Олмон, Тоҷикистон, Туркия, Фаронса ва Нидерланд муқобили тими мунтахаби Русия рақобат хоҳанд кард.

Сомон Маҳмадбекови 22-сола ягона варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон шомил шудааст. Ӯ дар вазни то 73 кило рақобат хоҳад кард. Ҳамчунин дар ин мусобиқаи байналмилалӣ зодаи Тоҷикистон Ёқубҷон Назиров Русияро намояндагӣ мекунад. Ӯ дар вазни то 90 кило ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Умуман, дар рақобатҳо 12 нафар (6 зан ва 6 мард) ширкат менамоянд:

Вазни -57 кг (занон)
Қаҳрамони феълии Аврупо миёни ҷавонони то 23-сола Плеуни Корнелис (Нидерланд) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Аврупо миёни наврасон Ирина Зуева (Русия);

Вазни -73 кг (мардон)
Қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё/Уқёнус Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон) — қаҳрамони Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон Казбек Нагучев (Русия);

Вазни -70 кг (занон)
қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон Марлен Галанди (Олмон) – ғолиби Ҷоми Осиё-2021 дар Оқтови Қазоқистон, иштирокдори қаҳрамонии ҷаҳон-2021 дар ҳайати дастаӣ Дали Лилуашвили (Русия);

Вазни -90 кг (мардон)
Барандаи медали нуқраи Ҷоми кушоди Аврупо-2021 дар Прага Роланд Гоз (Маҷористон) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Аврупо миёни ҷавонони то 23-сола Ёқубҷон Назиров (Русия);

Вазни +70 кг (занон)
Барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон Тахина Дюран (Фаронса) — ғолиби Ҷоми Осиё-2021 дар Оқтов Даря Владимирова (Русия);

Вазни +90 кг (мардон)
Барандаи дукаратаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон Мерт Шишманлар (Туркия) — барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола ва 18-сола Валерий Ендовитский (Русия).

"Мо гуфта метавонем, ки мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано бо дарназардошти синну сол ва сатҳи иштироккунандагонаш як намоиши олимпичиёни эҳтимолии Бозиҳои оянда хоҳад шуд. Бинобар ин, мусобиқа таҳти шиори "Роҳ ба Париж-2024" сурат мегирад. Зимнан, ба туфайли ин мусобиқа ҷудокорон аввалин шуда аз байни олимпичиён имконияти кишвари Приморскийро барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио озмоиш карданд. Тобистони имсол Владивосток ҳамзамон ба Форуми иқтисодии Шарқ омодагӣ мегирифт ва марҳилаи ниҳоии тамринҳо барои тимҳои миллии Русия аз рӯи 15 намуди варзиш доир гашт. Мавзӯи таъсиси марказҳо барои тимҳои миллии Русия дар Шарқи Дур дар барномаи тиҷоратии Форум ва дар кори Вазорати варзиши Русия дар мавзеи Шарқи Дур идома хоҳад ёфт", - гуфт Антон Кобяков, мушовири президенти Федератсияи Русия, котиби масъули Кумитаи тадорукоти Форуми иқтисодии Шарқ.

Ба барномаи Фестивали II байниминтақавии "Бозиҳои Шарқи Дур" мусобиқаҳо оид ба супурдани меъёрҳои ГТО («Ба меҳнат ва мудофиа омодаем»), баскетбол 3×3, футболи хурд, бандкашӣ, шашка, шоҳмот, вазнабардорӣ, мас-рестлинг ва тенниси рӯи миз дохиланд. Дар мусобиқа дастаҳои кормандони мақомоти давлатӣ ва мунисипалии минтақаҳои Округи федеролии Шарқи Дур ширкат меварзанд.

Имсол форум рӯзҳои 2-4-уми сентябр дар ҷазираи Русский баргузор мешавад. Мавзӯи асосӣ "Имкониятҳои нав барои Шарқи Дур дар ҷаҳони тағйирёфта" аст.

Ёдовар мешавем, хонаводаи Маҳмадбековҳо ният дорад дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон толор ва мактаби ҷудо бунёд карда, онро бо устодони варзида таъмин намояд. Сафари Сомон Маҳмадбеков ба вилоят баъди баргаштанаш аз Бозиҳои олимпии Токио сурат гирифт. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оилаи варзишгарони тоҷикро барои сӯҳбат пазируфта, аз ташаббуси онҳо дастгирӣ кардааст.

Хонаводаи Маҳмадбековҳо дар вилояти Иркутски Русия ба сар мебарад ва Сомон дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро, амакзодааш Маҳмадбек бошад, Русияро намояндагӣ мекунанд. Сомон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило ба ду рақиби худ ғолиб омада, аз намояндаи Озарбойҷон шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG