Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Паралимпиадаи Токио-2020 пешсаф аст


Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ, ки дар Токиои Ҷопон бо ширкати ҳудуди 4500 варзишгари маълул аз 162 кишвар ва инчунин дастаи паноҳандагон ҷараён дорад, рӯзи 5-уми сентябр ба охир мерасад. Варзишгарони маълул барои 539 маҷмӯи медалҳо дар 22 намуд мубориза мебаранд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо 25-уми август оғоз ёфт. Ҳоло дар Паралимпиадаи Токио-2020 аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо ва ҳам бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Чин мақоми аввалро азони худ кардааст. Варзишгарони ин кишвар 143 медал, аз он ҷумла 66 нишони тилло, 42 нуқра ва 35 биринҷӣ, гирифтаанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Кумитаи олимпии Русия бо касби 87 медал, аз ҷумла 31 нишони тилло, 20 нуқра ва 36 биринҷӣ, соҳиб шудааст. Мунтахаби Британияи Кабир бо касби 84 медал, ки 30-тоаш тилло, 24-тоаш нуқра ва 30-тоаш биринҷист, дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (25-27-18), Нидерланд (18-10-10), Украина (16-35-23), Бразилия (15-12-20), Австралия (13-22-24), Италия (12-19-17) ва Озарбойҷон (11-1-4) дохиланд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷуз аз Русия, Украина ва Озарбойҷон боз намояндагони 6 кишвар - Узбекистон (5-4-6), Беларус (5-1-1), Қазоқистон (1-3-1), Латвия (0-3-2), Гурҷистон (0-3-0) ва Литва (0-0-2) медал гирифтаанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 81 кишвар бо медалҳои Паралимпиадаи Токио-2020 мукофотонида шудаанд, аз он ҷумла намояндагони 54 кишвар соҳиби медалҳои тилло гаштаанд.

Дар Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Акмал Қодиров - намояндагӣ мекунад. Ӯ дар Паралимпиада дар риштаи варзиши сабук дар рақобатҳо оид ба гулӯлапартоӣ рӯзи 4-уми сентябр иштирок менамояд.

XS
SM
MD
LG