Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоидаи нав барои сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия ба иҷро даромад


Барои сафар ба Русия натиҷаи озмоиши COVID-19 дар телефони ҳушманд зарур мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Аз 1-уми сентябр сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия танҳо бо истифода аз барномаи "Путешествую без COVID-19" иҷозат аст. То ин вақт онҳо метавонистанд, бо гувоҳиномаи надоштани бемории коронавирус вориди он кишвар шаванд.

Мақомоти Русия гуфтанд, талаботи нав ба шаҳрвандони Озарбойҷону Молдова, Туркманистон ва Узбекистон низ дахл дорад.

Истифода аз барномаи "Путешествую без COVID-19" барои сокинони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 25-уми июл ҳатмӣ шуда буд.

Ба иттилои мақомот, ин барнома ба шахсоне, ки аз кишварҳои сеюм тавассути Тоҷикистону Туркманистон ва Узбекистону Озарбойҷон (транзит ё исти кӯтоҳ) ба Русия мераванд, дахл надорад. Аммо онҳо бояд ташхиси манфии PCR Test дошта бошанд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, аз тартиби нав хабар доранд, аммо гурӯҳи дигар нигаронанд, ки мушкилоти нав пеш меояд.

Рӯзона аз Тоҷикистон садҳо нафар ба Русия мераванд. Дар оғоз қарор буд, тартиби нав аз 10-уми июли имсол ҷорӣ шавад, вале бо омода набудани озмоишгоҳҳо дар Тоҷикистон, ҷониби Русия иҷрои қарорро то 1-уми сентябр ба таъхир андохт.

Тартиби нави сафар ба Русия яке аз пайомадҳои пандемияи коронавирус аст, ки дар як соли гузашта сафари муҳоҷирони тоҷикро ба Русия мушкил гардонд. Аз моҳи марти соли гузашта то апрели имсол аз Тоҷикистон ба Русия рафтан тақрибан ғайриимкон буд. Танҳо 1-уми апрел мақомоти Русия барои сафари муҳоҷирони тоҷик ба он кишвар иҷозат доданд.

Баста будани роҳи муҳоҷирони тоҷик дар соли гузашта ба гуфтаи мутахассисон барои иқтисоди кишвар пайомадҳои ҷиддӣ дошт.

XS
SM
MD
LG