Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 медали варзишгарони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 20-30-юми август дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ҳамагӣ 15 медал (6 медали биринҷӣ миёни ҷавонон ва 9 медал – 1 нуқра ва 8 биринҷӣ миёни наврасон) ба даст оварданд.

Шумораи умумии иштироккунандагони қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва ҷавонон дар Дубай 293 нафар, аз ҷумла 84 духтар аз 15 кишвар буд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 21 варзишгар, аз ҷумла 2 духтар, намояндагӣ карданд.

Дар мусобиқаи ҷавонон, ки бо иштироки 141 муштзан сурат гирифт, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51 кг), Искандарбек Рустамов (-54 кг), Абубакр Муродов (-57 кг), Абдураҳим Ёқубов (-60 кг), Сироҷиддин Ҳоҷибоев (-67 кг) ва Дурандеш Зубайдов (-80 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар рақобатҳо миёни ҷавонон дар 12 вазн варзишгарони Қазоқистон, дар 8 вазн намояндагони Узбекистон ва дар 6 вазн муштзанҳои Ҳиндустон ғолиб шуданд.

Дар мусобиқаи наврасон 152 нафар ширкат дошт. Аз байни наврасони тоҷик танҳо Руслан Ғафуров ба финал баромад. Вале ӯ дар вазни то 50 кило аз Ҳоҷиакбар Маҳмудови узбекистонӣ мағлуб шуд ва медали нуқра гирифт.

Ҳашт варзишгари дигари тоҷик – Анушервон Файзов (-46 кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52 кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57 кг), Муҳаммад Ҷабборов (-63 кг), Юсуф Фозилов (-70 кг), Нурланбек Эрматов (-75 кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80 кг), Бибиҷон Музаффарова (-54 кг) - медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар сабқати наврасон варзишгарони Узбекистон 9 медали тилло, 7 нуқра, 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони Қазоқистон 8 нишони тилло, 9 нуқра, 8 биринҷӣ гирифтанд. Муштзанҳои Ҳиндустон соҳиби 8 медали тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ, варзишгарони Эрон барандаи 1 нишони тилло ва 2 биринҷӣ шуданд.

Зимнан, аввалин бор мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як макон баргузор шуд. Дар он варзишгарони солҳои таваллудашон 2003-2004 миёни ҷавонон ва 2005-2006 миёни наврасон иштирок карданд.

Ғолибону­ ҷоизадорони қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон ва наврасон ба ҷуз аз медал бо мукофоти молӣ сарфароз шуданд. Ба варзишгароне, ки дар вазни худ миёни ҷавонон медали тилло ба даст оварданд, ҷоизаи молӣ ба маблағи 6000 доллари ИМА, барои медали нуқра 3000 ва барои медали биринҷӣ 1500 доллар супурда шуд. Наврасон барои ҷойи аввал 4000 доллари ИМА, ҷойи дувум - 2000 ва ҷойи севум 1000 доллар гирифтанд.

XS
SM
MD
LG