Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи дувуми мусобиқаи лигаи олӣ бо пирӯзии "Истиқлол" хотима ёфт


Бо бозиҳои даври 18-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 28-29-уми август баргузор шуданд, марҳилаи дувуми қаҳрамонии Тоҷикистон ба поён расид.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки бар тими «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби бузурги 7:1 пирӯз шуд, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа боз ҳам мустаҳкам кард.

Дар бозиҳои дигари даври 18-ум “Душанбе”-и Душанбе бар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби якхелаи 2:1, «Хатлон»-и Бохтар бар “Эсхата”-и Хуҷанд ва ССКА-и Душанбе бар «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби мушобеҳ - 1:0 ғолиб омаданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки аз 16 бозӣ 39 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. «Хуҷанд» бо 32 имтиёз аз 17 бозӣ дар зинаи дувум ҷойгир шудааст. «Истаравшан» бо 26 имтиёз аз 18 бозӣ зинаи севумро азони худ кардааст.

Бинобар санаҳои баргузории ФИФА ва бозиҳои дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо тими Баҳрайн (3-юм ва 6-уми сентябр) дар Манама дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон танаффуси сеҳафтаина эълон шуд.

Рӯзҳои 11-12-уми сентябр се бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 баргузор мешавад.

Марҳилаи севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 17-уми сентябр оғоз меёбад. Бозиҳои даври 19-уми мусобиқа рӯзҳои 17-18-уми сентябр доир хоҳанд шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Душанбе» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Парвизҷон Ҳамидов, 25 (1:0). Комрон Турсунов, 81 – аз пеналти (1:1). Хуршед Абдуллоев, 82 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Хуршед Абдуллоев («Душанбе»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

28 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

«Хатлон» – «Эсхата» – 1:0

Гол: Саидшо Бозоров, 77.

Беҳтарин бозигари дидор: Жан Гатен НД («Хатлон»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

28 август. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 700 тамошобин.

«Истиқлол» – «Кӯктош» – 7:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 25 (1:0). Амирбек Ҷӯрабоев, 34 (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 42 (3:0). Собирҷон Холматов, 58 (3:1). Алишер Ҷалилов, 70 (4:1). Манучеҳр Ҷалилов, 72 (5:1). Салам Ашӯрмамадов, 76 (6:1). Рустам Соиров, 82 (7:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

29 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

«Равшан» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 79 (1:0). Аваз Камчинов, 88 (2:0). Бахтиёр Қаландаров, 90+1 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Сафаралӣ Каримов («Равшан»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

29 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 5500 тамошобин.

ССКА – «Файзканд» – 1:0

Гол: Шарафҷон Солеҳов, 31 – аз пеналти.

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев (ССКА).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

29 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

16

12

3

1

50-7

39

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

17

10

2

5

33-19

32

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

18

7

5

6

21-19

26

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

18

7

3

8

26-31

24

5

«Хатлон» (Бохтар)

18

6

5

7

18-24

23

6

ССКА (Душанбе)

18

6

6

6

22-23

24

7

«Равшан» (Кӯлоб)

17

5

8

4

18-17

23

8

«Душанбе» (Душанбе)

18

4

6

8

20-37

18

9

«Файзканд» (Восеъ)

18

4

5

9

13-24

17

10

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

18

3

5

10

22-42

14

Нишонзанҳо: Рустам Соиров («Истиқлол») – 10 тӯб, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Акобир Тураев («Эсхата») – 9-тӯбӣ, Дилшод Бозоров, Артём Сердюк (ҳарду аз «Хуҷанд») – 8-тӯбӣ, Абдухалил Боронов («Файзканд») – 7 тӯб.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

1/4 финал

11-12 сентябр (шанбе, якшанбе)

«Истаравшан» – «Эсхата»

«Хуҷанд» – «Хатлон»

ССКА – «Равшан»

Даври 19-ум

17 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Истаравшан» – «Файзканд»

«Эсхата» – ССКА

18 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Истиқлол» – «Равшан»

«Хатлон» – «Кӯктош»

«Хуҷанд» – «Душанбе»

XS
SM
MD
LG