Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 80 варзишгари тоҷик дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ


Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки аз 4-ум то 11-уми сентябр дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор мешавад, аз Тоҷикистон 80 варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқот ҳудуди 1,5 ҳазор варзишгари ҷавон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон рақобат хоҳанд кард. Синну соли варзишгарон аз 14 то 23-сола аст. Онҳо барои 184 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза хоҳанд бурд.

Ба барномаи мусобиқот 16 намуди варзиш дохил аст: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гуштии камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпарронӣ, самбо, гуштии варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ.

Кумитаи тадорукоти Бозиҳо мурғи фурӯзонро ҳамчун рамз ва палангро ҳамчун тилисм ё тумор интихоб намудааст.

Дар рафти мусобиқот мақомот аз 11 иншооти варзишӣ истифода хоҳанд кард. Меҳмонон дар деҳаи Универсиадаи Қазон зиндагӣ мекунанд. Маросими ифтитоҳи Бозиҳо дар хиёбони парчамҳо сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ғояи гузаронидани Бозиҳо аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт. Қарор оид ба баргузор кардани Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25 октябри соли 2019 қабул шуд.

Дар аввал баргузории нахустин Бозиҳои ИДМ моҳи августи соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, аммо баъдтар бо сабаби пандемияи COVID-19 ба таъхир андохта шуд. Қарор аст, ки Бозиҳо ҳар ду сол дар ҳар як кишвари ИДМ баргузор шаванд.

Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ-2021 дар Қазон таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG