Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ба дарвозаи "Душанбе" 5 голи беҷавоб зад


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозии даври 17-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон тими Душанбеи”-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа боз ҳам мустаҳкам кард.

Ин бозӣ 24-уми август дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, доир гардид. Алишер Ҷалилов ду гол, Манучеҳр Сафаров, Манучеҳр Ҷалилов ва Ваҳдат Ханонов якголӣ ба самар расониданд.

Дар бозии дигари даври 17-ум «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. ССКА-и Душанбе дар меҳмонӣ бар “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Ду бозии даври 17-ум миёни дастаҳои «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан - «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:2 ва «Файзканд»-и Восеъ - «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки як бозӣ камтар анҷом додааст (15 бозӣ), бо 36 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. «Хуҷанд» бо 32 имтиёз аз 16 бозӣ дар зинаи дувум қарор дорад. «Истаравшан» бо 26 имтиёз аз 17 бозӣ дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври 18-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 28-29-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 17-ум

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 10 (1:0). Кароматулло Саидов, 40 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Далер Ёдгоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

24 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2200 тамошобин.

«Файзканд» – «Равшан» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Азимҷон Қараев («Файзканд»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

24 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Душанбе» – «Истиқлол» – 0:5

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 9 (0:1). Манучеҳр Сафаров, 24 (0:2). Алишер Ҷалилов, 43 (0:3). Манучеҳр Ҷалилов, 78 (0:4). Ваҳдат Ханонов, 87 (0:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

24 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 700 тамошобин.

«Эсхата» – ССКА – 1:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 62 (0:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 77 (0:2). Акобир Тураев, 90+6 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев (ССКА).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

25 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 3500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 2:2

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 6 – аз пеналти (0:1). Насимҷон Муҳаммадиев, 63 (0:2). Аҳрорбек Уктамов, 67 (1:2). Илҳомҷон Баротов, 78 (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Насимҷон Муҳаммадиев («Кӯктош»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

25 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

15

11

3

1

43-6

36

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

10

2

4

32-17

32

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

17

7

5

5

20-17

26

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

17

7

3

7

26-30

24

5

ССКА (Душанбе)

17

5

6

6

21-23

21

6

«Хатлон» (Бохтар)

17

5

5

7

17-24

20

7

«Равшан» (Кӯлоб)

16

4

8

4

16-16

20

8

«Файзканд» (Восеъ)

17

4

5

8

13-23

17

9

«Душанбе» (Душанбе)

17

3

6

8

18-36

15

10

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

17

3

5

9

21-35

14

Нишонзанҳо: Рустам Соиров («Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Акобир Тураев («Эсхата») – 9-тӯбӣ, Дилшод Бозоров, Артём Сердюк (ҳарду аз «Хуҷанд») – 8-тӯбӣ, Абдухалил Боронов («Файзканд») – 7 тӯб.

Даври 18-ум

28 август (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Хатлон» – «Эсхата»

«Душанбе» – «Хуҷанд»

29 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Равшан» – «Истаравшан»

ССКА – «Файзканд»

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Истиқлол» – «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG