Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду варзишгари Афғонистон аз Кобул ба Австралия бурда шуданд


Закия Худододӣ, варзишгари афғон.
Закия Худододӣ, варзишгари афғон.

Варзишгарони маълули Афғонистон Закия Худододӣ (таэквондо) ва Ҳусейн Расулӣ (партофтани диск) аз Кобул бароварда, ба Австралия бурда шуданд. Дар ин бора Оҷонсии иттилоотии sports.ru хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, қаблан хонум Худододӣ бо дархости кӯмак ба Кумитаи байналмилалии паралимпӣ муроҷиат карда буд. Вай изҳор дошт, ки худро дар қаламрави кишвари худ дар амн эҳсос намекунад ва инчунин мехоҳад дар Паралимпиадаи 2020 дар Ҷопон ширкат варзад.

Тими миллии Афғонистон бинобар вазъ дар ин кишвар дар Бозиҳои паралимпӣ иштирок намекунад. 15-уми август ҷунбиши Толибон (мамнуъ дар Федератсияи Русия) аз забти қудрат дар саросари Афғонистон хабар дод.

"Ман хеле шодам, ки тавонистам Закияро аз Кобул барорам. Ҳоло умедворам, ки вай метавонад ба орзуи худ - ба Токио рафтан ва дар Паралимпиада иштирок кардан - бирасад. Умедворам, ки бисёр духтарони дигар метавонанд аз ин вазъияти ногувор раҳо шаванд ”, - гуфт қаҳрамони олимпӣ оид ба таэквондо Вито Делл'Акуила.

Мусобиқоти таэквондо аз 2-юм то 4-уми сентябр дар Токио баргузор мешавад. Худододӣ метавонад дар ҳайати тими паноҳандагон ҳунарнамоӣ кунад.

Дар Паралимпиадаи Токио-2020 ҳудуди 4500 варзишгари маълул аз 162 кишвар ва дастаи паноҳандагон ширкат доранд. Варзишгарони маълул барои 539 маҷмӯи медалҳо дар 22 намуд мубориза мебаранд. Паралимпиада рӯзи 5-уми сентябр ба охир мерасад.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо 25-уми август оғоз ёфт. Дар рӯзи аввал варзишгарон барои 24 маҷмӯи ҷоизаҳо рақобат карданд: дар шамшербозӣ миёни мардон ва занон дар аробачаи маъюбӣ; дар намудҳои шиноварӣ ва дар велотрек байни мардон ва занон. Ҳамчунин дар рӯзи аввали мусобиқот рақобатҳои гурӯҳӣ оид ба голбол, баскетбол ва регби дар аробача ва рақобатҳои интихобӣ дар тенниси рӯи миз баргузор шуд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот ҳоло дар Паралимпиадаи Токио-2020 аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо ва ҳам бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Австралия мақоми аввалро азони худ кардааст. Варзишгарони австралиягӣ 10 медал, аз он ҷумла 6 нишони тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ, гирифтаанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Чин бо касби 8 медал, аз ҷумла 5 нишони тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, соҳиб шудааст. Мунтахаби Кумитаи олимпии Русия бо касби 6 медал, ки 3-тоаш тилло, 1-тоаш нуқра ва 2-тоаш биринҷист, дар мақоми севум қарор дорад.

Дар Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Акмал Қодиров - намояндагӣ мекунад. Ӯ дар Паралимпиада дар риштаи варзиши сабук дар рақобатҳо оид ба гулӯлапартоӣ рӯзи 4-уми сентябр иштирок менамояд.

XS
SM
MD
LG