Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон содироти нерӯи барқро ба Афғонистон идома медиҳад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Намояндагони "Барқи Тоҷик" гуфтанд, ки содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон идома дорад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкат, рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "содироти барқ ба Афғонистон дар сатҳи пешина сурат мегирад".

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи “Толибон” рӯзи 15-уми август вориди шаҳри Кобул шуда, назорат бар Афғонистонро, ба ҷуз аз вилояти Панҷшер, ба даст гирифт. Ҳукумати қаблӣ дар Афғонистон вожгун шуда, президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кардааст.

Дар ҷавоб осух ба суоли ин ки оё Афғонистони зери итоати гурӯҳи “Толибон”, ки аз тарафи кишварҳо пазируфта нашудааст, пули барқи содиршударо хоҳад дод ё не, Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт: "Вақте маҳсулотро гирифтанд, албатта, пули онро бояд диҳанд. Қарордодҳое, ки бо ширкати "Брешно"-и Афғонистон доштем, иҷро карда истодаем. Умед дорем, ки онҳо низ масъулиятҳои худро иҷро мекунанд".

Тоҷикистон дар аввали имсол бо ширкати “Брешно”-и Афғонистон созишнома баста буд, ки содироти 1,5 миллиард киловатт-соат барқро дар назар дорад.

Гурӯҳи “Толибон” дар гузашта борҳо пояҳои хатти баландшиддати нерӯи барқро дар Афғотнистон вайрон карда буданд.

XS
SM
MD
LG