Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дувумин шатранҷбози тоҷик аст, ки гроссмейстери байналмилалӣ шуд


Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи XIV байналмилалии «Tashkent Open 2021″ оид ба шоҳмот меъёри гроссмейстери байналмилалӣ ё бузургустодро иҷро кард. Ин мусобиқа аз 16-ум то 23-юми август дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи шоҳмоти Узбекистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Tashkent Open 2021″ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстер аз Узбекистон, дар бинои Академияи байналмилалии шоҳмоти Тошканд бо ширкати 154 шатранҷбоз аз 12 кишвар (Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина ва Эрон) баргузор шуд.

Мусобиқа аз рӯи системи швейтсарӣ аз 9 давр иборат буд. Шатранҷбозон ба ду гурӯҳ – гурӯҳи асосии "А" ва гурӯҳи "В" тақсим шуданд.

Дар гурӯҳи “А” ба гроссмейстери байналмилалӣ Шант Саргсян аз Арманистон, ки бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб намуд, ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 000 доллари ИМА супурда шуд. Шатранҷбози узбекистонӣ, гроссмейстери байналмилалӣ Нодирбек Абдусатторов, ки бо 6,5 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифт, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 3500 доллар сарфароз гашт. Устоди байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, ки бо 6,5 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шуд, 2500 доллар ҷоизапулӣ гирифт.

Дар ин мусобиқа ду нафар – Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев (Тоҷикистон) миёни мардон ва Нилуфар Ёқуббоева (Узбекистон) миёни занон меъёри гроссмейстери байналмилалиро иҷро карданд. Ба ҳарду сертификати FIDE (Федератсияи байналмилалии шоҳмот) супурда шуд.

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев баъди анҷоми ин мусобиқа ба сомонаи Федератсияи шоҳмоти Узбекистон аз даъвати худ ба мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Open 2021″ изҳори хушҳолӣ карда, гуфтааст, “ташаккури зиёд ба президенти Узбекистон, ки барои баргузории чунин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам кардааст. Дар Тошканд орзуи ман амалӣ шуд. Ман хурсандам, ки меъёри гроссмейстери байналмилалиро иҷро кардам. Минбаъд ҳам кӯшиш мекунам дар чунин мусобиқа, ки сатҳаш баланд аст, иштирок намоям.”

Зимнан, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дувумин шатранҷбоз аз Тоҷикистон аст, ки ба унвони гроссмейстери байналмилалӣ мушарраф шуд. Аз ин пеш, соли 2002 шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов, ки феълан дар Русия ба сар мебарад, соҳиби ин унвон шуда буд. Дарвоқеъ, Амонатов дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд ду бор (солҳои 2016 ва 2018) ғолиб шудааст. Вале ӯ имсол дар ин мусобиқа ширкат надошт.

Гроссмейстери байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаеви 34-сола аз синни панҷсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Вай аз оилаи шатранҷбозон аст ва дар шаҳри Исфара ба сар мебарад. Аввалин мураббиёни ӯ волидайнаш мебошанд.

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон ва мардон, инчунин ҷоизадори чандин мусобиқоти байналмилалист. Вай панҷ бор – солҳои 2006, 2012, 2014, 2016 ва 2018 - дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG