Маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ, ки 24-уми август дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Токиои Ҷопон баргузор шуд, ба иллати пандемияи коронавирус ба мисли Олимпиадаи моҳи июл бе ҳузури тамошобинон дар минбарҳо доир гардид.
Дар Паралимпиадаи Токио-2020 ҳудуди 4500 варзишгари маълул аз 162 кишвар ва дастаи паноҳандагон ширкат доранд. Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо парад ё роҳпаймоии анъанавии варзишгаронро дастаи гурезаҳо кушод.
Дар қисми расмии ифтитоҳи Бозиҳо роҳбари кумитаи тадорукоти Паралимпиада-2020 Сейко Ҳашимото ва раиси Кумитаи байналмилалии паралимпӣ Эндрю Парсонс суханронӣ карданд.
Парсонс аз ҷасорати варзишгарони маълул, ки бо вуҷуди як сол мавқуф гузошта шудани Паралимпиада тамринро қатъ накарданд, ба ваҷд омада, гуфт, "мо ҳама кори аз дастамон меомадаро мекунем, то ин ки Бозиҳои паралимпӣ барои варзишгарон ҳамчун ид гардида, ба тағйироти мусбати иҷтимоӣ илҳом бахшад."
Пас аз он императори Ҷопон Наруҳито Бозиҳои XVI паралимпиро кушода эълон кард. Маросими ифтитоҳи Бозиҳо бо фурузон шудани оташи паралимпӣ ба анҷом расид.
Зимнан, Токио аввалин шаҳр дар таърих аст, ки дувумин бор Бозиҳои паралимпиро баргузор мекунад. Аввалин бор ин чорабинии бузурги варзишӣ дар пойтахти Ҷопон соли 1964 доир шуд ва маҳз он замон истилоҳи "Паралимпиада" ба вуҷуд омад.
Дар Бозиҳои соли 1964 ҳамагӣ 375 варзишгар дар 9 ришта рақобат карданд. Дар Паралимпиадаи Токио-2020 4400 варзишгар аз рӯи 22 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунанд. Варзишгарони маълул барои 539 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Паралимпиада рӯзи 5-уми сентябр ба охир мерасад.
Мусобиқот имрӯз, 25-уми август, оғоз меёбад. Дар рӯзи аввал варзишгарон барои 24 маҷмӯи ҷоизаҳо рақобат мекунанд: дар шамшербозӣ миёни мардон ва занон дар аробачаи маъюбӣ; дар намудҳои шиноварӣ ва дар велотрек байни мардон ва занон. Ҳамчунин дар ин рӯз бозиҳои сабқати гурӯҳӣ оид ба голбол, баскетбол ва регби дар аробача ва рақобатҳои интихобӣ дар тенниси рӯи миз баргузор мешавад.
Дар Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Акмал Қодиров - намояндагӣ мекунад. Ӯ дар Паралимпиада дар риштаи варзиши сабук дар рақобатҳо оид ба гулӯлапартоӣ иштирок менамояд. Ҳамроҳи ӯ мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар кардаанд.