Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паралимпиадаи Токио-2020 шуруъ мешавад


Акмал Қодиров, ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Паралимпиадаи Токио-2020 иштирок мекунад.
Акмал Қодиров, ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Паралимпиадаи Токио-2020 иштирок мекунад.

Имрӯз, 24-уми август, дар варзишгоҳи миллии шаҳри Токиои Ҷопон маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ баргузор мешавад.

Дар Паралимпиадаи Токио-2020, ки аз 24-уми август то 5-уми сентябр доир мегардад, ширкати беш аз 4000 варзишгар аз 162 кишвар дар назар аст. Варзишгарони маълул барои 539 маҷмӯи медалҳо дар 22 намуди варзиш мубориза хоҳанд бурд.

Дар Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ Тоҷикистонро Акмал Қодиров, варзишгари маъруфи тоҷик, намояндагӣ хоҳад кард. Ӯ дар Паралимпиада дар риштаи варзиши сабук дар рақобатҳо оид ба гулӯлапартоӣ иштирок менамояд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Акмал Қодиров ягона варзишгарест, ки дар Паралимпиадаи Токио-2020 Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Зимнан, Акмал аслан ҳамчун варзишгар дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ маъруф аст. Вай дар армспорт Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул намояндагӣ карда, ба натиҷаҳои баланд мушарраф шудааст.

Ӯ соли 2014 дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армспорт миёни варзишгарони маълул, ки дар шаҳри Путски Полша баргузор шуд, дар вазни беш аз 90 кило ду медал (як тилло ва як биринҷӣ) ба даст овард.

Устоди дараҷаи байналмилалӣ Акмал Қодиров ба ҷуз аз ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон буданаш, қаҳрамони сездаҳкаратаи Осиё оид ба армрестлинг дар вазни беш аз 90 кило мебошад.

Акмал Қодиров борҳо ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон, ки онро ҳамасола Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши ҷумҳурӣ бар асоси пурсиши хабарнигорони соҳа тартиб медиҳад, дохил шудааст.

Ҳамроҳи Акмал Қодиров мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар кардаанд.

Ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио-2020 22 намуди варзиш ворид шудааст: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспдавонӣ, футбол, голбол, ҷудо, пауэрлифтинг, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, триатлон, баскетбол бо аробача, шамшербозӣ бо аробача, регбӣ бо аробача, теннис бо аробача.

Бозиҳои паралимпии Токио-2020 бинобар афзоиши зиёди ҳолатҳои коронавирус дар шаҳри мизбон ва бисёр минтақаҳои дигари Ҷопон дар ҳамаи майдонҳои варзишӣ бидуни тамошобинон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG