Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ устувор кард


Дастаи футболи "Истиқлол".
Дастаи футболи "Истиқлол".

"Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозии марказии даври 16-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, мавқеашро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намуд.

Ин бозӣ 21-уми август дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо ҳузури 5000 тамошобин доир гардид. Голҳоро Ваҳдат Ханонов ва Алишер Ҷалилов ба самар расониданд.

Дар бозии дигар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ аз дастаи ССКА-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. «Хатлон»-и Бохтар – дар майдони худ «Душанбе»-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. «Файзканд»-и Восеъ дар сафар бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Бозӣ миёни «Равшан»-и Кӯлоб ва «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки як бозӣ камтар анҷом додааст (14 бозӣ), бо 33 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. «Хуҷанд» бо 29 имтиёз аз 15 бозӣ дар зинаи дувум қарор дорад. «Истаравшан» бо 25 имтиёз аз 16 бозӣ дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 24-25-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 16-ум

ССКА – «Хуҷанд» – 3:1

Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 18 – аз пеналти (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 39 (2:0). Олимҷон Каримов, 56 – ба дарвозаи худ (3:0). Далер Ёдгоров, 61 – аз пеналти (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев (ССКА).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

20 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 300 тамошобин.

«Хатлон» – «Душанбе» – 2:0

Голҳо: Комронҷон Исмоилов, 6 (1:0). Комронҷон Исмоилов, 45 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Комронҷон Исмоилов («Хатлон»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

20 август. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1000 тамошобин.

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 2:0

Голҳо: Ваҳдат Ханонов, 48 (1:0). Алишер Ҷалилов, 90+1 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

21 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5000 тамошобин.

«Кӯктош» – «Файзканд» – 0:2

Голҳо: Ойбек Абдуғаффоров, 7 (0:1). Артур Боугнон, 70 (0:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Ойбек Абдуғаффоров («Файзканд»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

21 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 2500 тамошобин.

«Равшан» – «Эсхата» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Муминҷон Гадойбоев («Эсхата»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

21 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 2300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

10

3

1

38-6

33

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

9

2

4

30-17

29

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

16

7

4

5

18-15

25

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

16

7

3

6

25-28

24

5

«Хатлон» (Бохтар)

16

5

5

6

17-22

20

6

«Равшан» (Кӯлоб)

15

4

7

4

16-16

19

7

ССКА (Душанбе)

16

4

6

6

19-22

18

8

«Файзканд» (Восеъ)

16

4

4

8

13-23

16

9

«Душанбе» (Душанбе)

16

3

6

7

18-31

15

10

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

16

3

4

9

19-33

13

Нишонзанҳо: Рустам Соиров («Истиқлол») – 9 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан»), Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 8-тӯбӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 7-тӯбӣ.

Даври 17-ум

24 август (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Файзканд» – «Равшан»

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Душанбе» – «Истиқлол»

25 август (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Эсхата» – ССКА

«Истаравшан» – «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG