Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми президенти FIAS дар Русия


Акмалиддин Каримов (аз чап аввал).
Акмалиддин Каримов (аз чап аввал).

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) оид ба самбои варзишӣ миёни мардон, ки рӯзи якшанбеи 22-юми август дар маҷмааи консертиву варзишии «Сибур Арена»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, ду медал – як нишони нуқра ва як нишони биринҷӣ - ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии самбо ва Федератсияи самбои Русия доир карданд, 54 варзишгар оид ба самбои варзишӣ миёни мардон дар ҳафт вазн (-58, -64, -71, -79, -88, -98, + 98 кг) рақобат карданд. Дар асоси дастури мусобиқа дар ҳар як вазн на бештар аз ҳашт варзишгар ширкат дошт.

Ба ин мусобиқа кумитаи тадорукоти Ҷоми президенти FIAS зӯртарин гуштигиронро аз федератсияҳои миллӣ, ки аъзои Федератсияи байналмилалианд, аз 21 кишвар - Арманистон, Беларус, Булғористон, Венесуэла, Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Испания, Қазоқистон, Камерун, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Марокаш, Молдова, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, Фаронса, Хорватия, Эрон ва Юнон даъват намуд, ки самбочиёни зӯртарини ҷаҳон – ғолибон ва ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон, ҷоми ҷаҳон ва мусобиқоти қитъавӣ - буданд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки аз ҷониби FIAS ба ин мусобиқа ҳамчун меҳмон даъват шуда буд, субҳи имрӯз, 23-юми август, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми президенти FIAS чор варзишгари маъруф – Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Ёқубҷон Боқиев ва Садр Боев - намояндагӣ карданд.

Аз байни онҳо ду нафар - Акмалиддин Каримов ва Садр Боев - медал гирифтанд. Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 58 кило, ки бо иштироки ҳафт вазишгар аз Гурҷистон, Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Беларус, Узбекистон ва Арманистон сурат гирифт, ба финал роҳ пайдо кард. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Вахтанг Чидрашвилии гурҷӣ мағлуб шуд. Вахтанг бо медали тилло, Акмалиддин бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Паҳлавони дигари тоҷик Садр Боев дар вазни то 88 кило, ки бо ширкати ҳафт варзишгар аз Русия, Узбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Марокаш, Ветнам ва Эрон доир гардид, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ин вазн Сергей Рябови русиягӣ, ки дар финал Ихтиёр Эшмуродови узбекистониро шикаст дод, бо медали тилло сарфароз гашт. Ба Эшмуродов медали нуқра супурда шуд. Ба ғайр аз Боев, инчунин Давид Григоряни арманистонӣ медали биринҷӣ гирифт.

Вале ду паҳлавони дигари тоҷик – Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кило ва Ёқубҷон Боқиев дар вазни то 71 кило – дар Ҷоми президенти FIAS ноком шуда, аз медал бенасиб монданд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми президенти FIAS ба ҷуз аз медалу диплом ва тӯҳфаҳо, бо мукофотпулӣ (барои ҷойи 1-ум - 10 000, ҷойи 2-юм – 7 000, ҷойи 3-юм - 5.000 доллари ИМА) сарфароз шуданд.

XS
SM
MD
LG