Дар чанд ҷумла
Қирғизистон дар сарҳад бо Тоҷикистон посгоҳҳои иловагӣ гузоштааст
Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки пас аз дигаргунӣ дар Афғонистон дар сарҳад бо Тоҷикистону Узбекистон посгоҳҳои иловагӣ гузоштааст, аммо онҳоро "муваққатӣ" номид. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтаанд. Қирғизистон бо Афғонистон сарҳади муштарак надорад.
"Бо ҳадафи таъмини амният дар сарҳади Қирғизистон – Тоҷикистон ва Қирғизистон – Узбекистон посгоҳҳои муваққатии сарҳадӣ таъсис дода шуданд. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон якҷо бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ амалиёти кашф ва ҷустуҷӯро ба нақша гирифтааст. Воҳидҳои Хадамоти марзбонӣ ҳамарӯза навбатдорӣ мекунанд", - гуфтанд дар ин ниҳод рӯзи 22-юми август ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ.
Масъулони Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ доранд, иҷозат дода мешавад, тавассути гузаргоҳҳо вориди хоки ин кишвар шаванд. Вале гузаргоҳҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз задухӯрди хунини охири моҳи апрели имсол, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт, бастаанд.
Мақомоти Қирғизистон борҳо гуфтаанд, гузаргоҳҳоро бо Тоҷикистон дар сурати ҳал шудани баҳсҳои марзӣ мекушоянд. Ҳоло ҷонибҳо мавзӯи таъину нишонагузории қитъаҳои баҳсноки сарҳадро баррасӣ доранд.
Тасмими охири Қирғизистон дар ҳолест, ки Тоҷикистону Узбекистон бо Афғонистон марзи дарозу назораташ душвор доранд. Ҳоло бахши асосии сарҳадро аз тарафи Афғонистон ҷангҷӯёни гурӯҳи “Толибон” ва афроди вобаста ба онҳо нигоҳбонӣ мекунанд.
Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, “Толибон” назорати қисмате аз сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистонро дар ихтиёри ҷангҷӯёни ҳаракати “Ансоруллоҳ” гузоштаанд. Фаъолияти ин созмон дар кишвар мамнуъст ва аз ҷангҷӯёнаш, ки асосан шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, баъзан “Толибони тоҷик” ном мебаранд.
Дар моҳи гузашта садҳо низомӣ ва афроди мулкӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда, паноҳ оварда буданд. Пас аз он ки “Толибон” назорат бар Афғонистонро ба даст гирифтанд, мақомоти Тоҷикистон дар бораи паноҳҷӯёни афғон чизе нагуфтанд. Манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки шаби 15-уми август 143 кас тавассути чархболу ҳавопаймо аз Афғонистон ба вилояти Хатлон расиданд.
Ҷониби Узбекистон мегӯяд, танҳо шаби 14-уми август беш аз ҳаштод нафар аз пули Ҳайратон гузаштанд ва онҳоро бо гуноҳи марзшиканӣ дастгир карданд.
Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, 20-уми август номи Тоҷикистону Узбекистонро дар миёни кишварҳое номбар кард, ки ба қавли ӯ омодаанд ҳамчун нуқтаҳои транзитӣ барои берун бурдани мардум аз Афғонистон хидмат кунанд.
Намояндагони “Толибон” борҳо қавл додаанд, ки ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳамла намекунанд, аммо нигарониҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз боди таҳдидҳое, ки аз он сӯйи Ому мевазад, боқист.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
СММ аз таъсиси "Ҳайати илмии байналмилалии ҳуши маснуӣ" хабар дод
Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки як ҳайати нав дар бахши ҳуши маснуӣ таъсис кард, то "назорати инсон бар технология"-ро тақвият кунад.
Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Деҳлӣ гуфт, ҷаҳон ба суръат ба сӯи ношинохтаҳо меравад ва бояд ба ҷойи тарс ва ҳаяҷон, ба воқеиятҳо таваҷҷуҳ шавад.
Ӯ афзуд, 40 нафар узви "Ҳайати илмии байналмилалии ҳуши маснуъӣ" таъйин шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, мудирияти илмӣ метавонад ин фановариро бехафтар ва одилонатар кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар канори хубиҳои ҳуши маснуӣ, нигарониҳое монанди аз байн рафтани ҷойҳои корӣ, сӯистифодаи онлайнӣ ва масрафи зиёди барқ низ вуҷуд дорад.
Раҳбарони ҷаҳон рӯзи 20 феврал дар поёни нишасти ҳуши маснуӣ дар Деҳлӣ, дидгоҳи муштараки худ дар бораи хатарҳо ва фурсатҳои ҳуши маснуиро баён карданд.
Дар ҳамоиши байналмилалии ҳуши маснуӣ дар Деҳлӣ, президенти Фаронса ва нахуствазири Ҳинд иштирок ва суханронӣ карданд.
Кишварҳои аврупоӣ эҳтимолан барои муҳоҷирон дар Африқо марказ месозанд
Олмон, Ҳоланд, Австрия, Дания ва Юнон созиш карданд, ки марказеро барои муҳоҷирон дар хориҷ аз қаламрави Иттиҳоди Аврупо таъсис диҳанд.
Танос Плеврис, вазири муҳоҷирати Юнон рӯзи 20 феврал гуфт, муҳоҷироне, ки дархости паноҳандагиашон рад шудааст ва кишварҳое, ки онҳо аз онҷо ба Аврупо омадаанд ва онҳоро намепазиранд, ба маркази нав фиристода хоҳанд шуд.
Тибқи гузоришҳо, ин марказ эҳтимолан дар Африқо таъсис хоҳад шуд, аммо намояндагони панҷ кишвари аврупоӣ қарор аст ин ҳафта дар ин бора гуфтугӯ кунанд.
Юнон беш аз як даҳа аст, ки масири аслии муҳоҷирон ба Аврупо мебошад ва бисёре аз муҳоҷирон аз Ховари Миёна барои дархости паноҳандагӣ дар кишварҳои аврупоии пешрафта, аз роҳи Юнон сафар мекунанд.
Дар гузашта садҳо муҳоҷир аз Ховари Миёна ва Африқо дар обҳои Юнон ғарқ шудаанд, ки дар миёни онҳо занон ва кӯдакон низ буданд.
Трамп: Дар ҳоли баррасии ҳамлаи маҳдуди низомӣ ба Эрон ҳастем
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 20 феврал гуфт, ки дар ҳоли баррасии эҳтимоли анҷоми амалиёти маҳдуд алайҳи Эрон аст. Аммо ӯ ҷузъиёти бештар надод.
Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки оё барои водор кардани Эрон ба созиш дар бораи барномаи ҳастаии худ, ҳамлаи маҳдудро зери назар дорад ё не, ба хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, "ҳадди аксар чизе, ки метавонам бигӯям ин аст, ки дар ҳоли баррасии он ҳастем".
Мақомоти Эрон ҳанӯз ба изҳороти ахири Трамп вокуниш нишон надодаанд. Аммо дар гузашта гуфта буданд, ки ба ҳар гуна иқдоми низомии Амрико вокуниши сахт нишон хоҳанд дод.
Рӯзномаи Wall Street Journal шомгоҳи 19 феврал дар гузорише ихтисосӣ хабар дод, ки Трамп дар ҳоли баррасии анҷоми як ҳамлаи низомии "маҳдуд ва аввалия" алайҳи Эрон аст, то ин кишварро водор кунад, ки ба хостаҳои ӯ барои даст ёфтан ба созиши ҳастаӣ мувофиқат кунад.
Ин нашрия ба нақл аз манбаъҳои огоҳ навишт, ин ҳамлаи ибтидоӣ, ки дар сурати имзо шудани фармон, шояд ҳатто "зарфи чанд рӯзи оянда" анҷом шавад, чанд пойгоҳи низомӣ ё муассисаи ҳукуматиро нишона хоҳад гирифт.
Бар асоси ин гузориш, агар Эрон ҳамчунон аз иҷрои хостаи раисҷумҳури Амрико барои поён додан ба ғанисозии уранюм худдорӣ кунад, ИМА бо як маъракаи густурдаи низомӣ алайҳи муассисаҳои ҳукуматӣ посух хоҳад дод.
Яке аз ин манбаъҳо ба Wall Street Journal ҳамчунин гуфтааст, Трамп метавонад сатҳи ҳамлаҳоро ба тадриҷ афзоиш диҳад, ибтидо бо иқдоми маҳдуд оғоз кунад ва сипас то замоне, ки ҳукумати Эрон ё барномаи ҳастаии худро барчинад ё суқут кунад, дастури ҳамлаҳои калонтареро содир кунад.
Ваъдаи Ҳайати сулҳи Трамп барои бозсозии Ғазза
Дар ҷаласаи нахустини Ҳайати сулҳ, ки бо ташаббуси президенти Амрико 19-уми феврал барпо шуд, Доналд Трамп гуфт, барои бозсозии Ғазза 7 миллиард доллар ҷалб кардааст.
Ӯ гуфт, баъд аз халъи силоҳ шудани гурӯҳи “Ҳамос”, ки Амрикову Аврупо террористӣ медонанд, бо ин пул барқарорсозии Ғазза шуруъ хоҳад шуд.
Чанд масъалае ҳаст, ки дар моҳҳои оянда бояд таъсири ин маҳфилро нишон диҳад, аз ҷумла халъи силоҳи “Ҳамос”, берун бурдани артиши Исроил, эҳёи Ғазза ва ёриҳои башарӣ ба мардуми ҷангзадаи ин минтақа.
Ҳисобҳои пешакӣ ба он ишора мекунанд, ки дар асл ин ҳама ташаббусҳо хароҷоти даҳ баробар бештарро тақозо мекунад.
Ба Ҳайати сулҳ ба раҳбарии Доналд Трамп асосан давлатҳои Ховари Миёна шомил буда, аз Осиёи Марказӣ раҳбарони Узбекистону Қазоқистон дар мулоқот ҳузур доштанд.
Дар ин ҳайат мақомоти Исроил низ ҳастанд, вале фаластиниҳо на. Инчунин, чанд ҳампаймони калидии Амрико аз миёни кишварҳои ғарбӣ ба Ҳайати сулҳ шомил нашудаанд.
Дар Тоҷикистон ҷинояти таҷовуз ба номус зиёд шудааст
Соли 2025 дар Тоҷикистон ҷинояти таҷовуз ба номус қариб 20 дарсад зиёд шудааст.
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар кишвар 49 мавриди таҷовуз ё қасди таҷовуз ба номус сабт шудааст, ки назар ба як соли пеш 8 маврид бештар аст.
Мақомот дар бораи сабабҳои зиёд шудани ҷинояти таҷовуз ба номус расман чизе нагуфтаанд.
Оҷонси омори Тоҷикистон танҳо омори ҷиноятҳоро ҷамъ меоварад ва аз ин рӯ сабабҳои рӯ ба афзоиш овардани таҷовуз ба номус маълум нест.
Ҳомиёни ҳуқуқи занон дар гузашта гуфтаанд, ки мавридҳои дастдарозӣ ба занон дар кишвар бештар аст, зеро занону духтарон аз "тарси шармсор ва беобрӯ шудан дар байни ҷомеа" ба мақомоти интизомӣ шикоят намекунанд.
Тибқи гузориши Оҷонсии омор, соли 2025 дар кишвар ҳамчунин ғоратгарӣ 24, роҳзанӣ 14, қаллобӣ қариб 11 ва қочоқи маводи мухаддир 20 дарсад афзудааст.
Сабаби зиёд шудани ин ҷиноятҳои вазнин маълум нест.
Боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани ришва
Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи як корманди комиссариати ҳарбиро ба додгоҳ фиристодааст.
Файзализода Ф., сардори шӯъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба гирифтани ришва ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ гумонзад шудааст.
Назари Файзализода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.
Оҷонси зидди фасод 19-уми феврал дар хабарномае навишт, ин корманди комиссариати ҳарбӣ моҳи октябри соли 2025 аз волидони ду ҷавон барои озод намудан аз артиш дар умум 10 ҳазор доллар "пора" гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, Файзализода дар вақти гирифтани ришва дастгир шуда, парвандааш ба додгоҳ фиристода шуд.
Маълум нест, ки ин корманди пешини комиссариат дар додгоҳ то куҷо ба гуноҳаш иқрор шудааст.
Ин бори аввал нест, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ, ки масъули даъвати ҷавонон ба артиш ҳастанд, бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Гузориши расонаҳои ғарбӣ аз эҳтимоли ҳамлаи Амрико ба Эрон
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 19-уми феврал эълон кард, ки давоми даҳ рӯзи оянда тасмими Иёлоти Муттаҳида дар бораи Эрон рӯшан мешавад.
Доналд Трамп дар нишасти нахустини "Ҳайати сулҳи Ғазза" гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд ба як тавофуқи хуб бо Эрон даст ёбад, вагарна рӯйдоди баде рух хоҳад дод.
Дар айни ҳол раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки "дар тӯли солҳо собит шудааст, ки расидан ба як тавофуқи маънодор бо Эрон кори осон нест".
Изҳороти Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 18-уми феврал раисҷумҳури Амрико бо мушовирони худ дар бораи буҳрон бо Эрон гуфтугӯ кард.
Дар пайи ин, шабакаҳои CNN ва CBS гузориш доданд, ки артиши Амрико мумкин аст то чанд рӯзи дигар омодаи ҳамла ба Эрон шавад. Бо ин ҳол расонаҳо гузориш додаанд, ки Доналд Трамп дар мавриди Эрон ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
Пештар пойгоҳи Axios гузориш дода буд, ки агар Ҷумҳурии Исломӣ ба талабҳои Амрико розӣ нашавад, Доналд Трамп якҷоя бо Исроил метавонанд дар ҳафтаҳои наздик ҷангро алайҳи Эрон оғоз кунанд.
Иёлоти Муттаҳида дар ҳафтаҳои охир барои фишор ба Эрон нерӯҳои зиёди низомӣ, аз ҷумла чанд киштии ҳавопаймобарро ба Халиҷи Форс фиристодааст.
Боздошти Эндрю Виндзор, бародари шоҳи Бритониё
Эндрю Маунтбеттен-Виндзор, бародари шоҳи Бритониё Карл (Чарлз)-и III, боздошт шудааст. Ба гузориши Би-би-сӣ ва Sky News, маъмурони пулис дар Сандрингем дар Норфолк, ки шоҳзодаи собиқи 66-сола дар он ҷо мезист, дида шуданд.
Пулис дар изҳороте гуфт, ӯ ба суистифода аз мақом гумонзад ва феълан дар боздоштгоҳ аст. Таҳқиқи парванда идома дорад.
Пештар созмони зиддисалтанатии "Republic" аз пулис хоста буд, ки иддаои суистифода аз мақом ва вайрон кардани қонуни сирри давлатиро аз ҷониби шоҳзодаи собиқ Эндрю бисанҷад.
Тибқи ҳуҷҷатҳои парвандаи сармоягузори амрикоӣ Ҷеффри Эпштейн, шоҳзодаи собиқ ба ӯ дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ маълумоти пинҳонӣ ва дар бораи сафарҳояш ба Сингапур, Ҳонконг ва Ветнам гузориш додааст. Худаш ин иддаоро намепазирад.
Шоҳи Бритониё дар соли 2025 бародараш Эндрюро аз унвону имтиёзҳояш маҳрум кард.
Вазорати адлияи Амрико се миллион саҳифа аз ҳуҷҷатҳои сармоягузор Ҷеффри Эпштейнро дастраси умум гардонд, ки соли 2019 дар маҳбас худкушӣ кардааст. Аъмоли Эпштейн бо ҷурми қочоқи ҷинсии ноболиғон тафтиш мешуд.
Раҳбари пешини Куриёи Ҷанубиро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд
Дар Куриёи Ҷанубӣ раисҷумҳури пешин Юн Сок Ёлро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Додгоҳе дар Сеул рӯзи 19-уми феврал ӯро ба ташкили ошӯб ва берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ гунаҳкор донист.
Юни 65-сола иттиҳомҳоро рад кардааст. Ӯ гуфт, президент ҳақ дорад қуюди ҳарбӣ ҷорӣ кунад ва он замон барои он ки ҳизбҳои сиёсӣ пеши роҳи кори ҳукуматро нагиранд, чунин қарор қабул кард.
Ҳодиса моҳи декабри соли 2024 рух дод. Пас аз ихтилофҳои тӯлонии президент бо мухолифон дар порлумон, Юн Сок Ёл вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ кард ва гуфт, дар ин муддат барпо кардани эътирозу раҳпаймоиҳо манъ аст. Қарор боис ба эътирозҳои сартосарӣ шуд ва баъди шаш соат президент маҷбур шуд қарорро бекор кунад.
Дар умум зидди президенти собиқи Куриёи Ҷанубӣ ҳашт парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Моҳи январи имсол ӯро барои мудохила ба кори низоми додгустарӣ ба 5 сол ҳабс маҳкум карданд.
Юн Сок Ёл моҳи майи соли 2022 раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ интихоб шуда, дар баҳори соли 2025 аз мақомаш барканор гардид.
Ҳамроҳи президенти собиқ чанд мақомдори пешини Куриёи Ҷанубӣ, аз ҷумла вазири собиқи дифоъ ба 30 сол, собиқ фармондеҳи идораи иктишофӣ ба 18 сол ва собиқ раиси полис ба 12 соли ҳабс маҳкум шуданд.
Ҳушдори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз қаллобон
Дар пасманзари шикоятҳо аз зиёд шудани тамоси қаллобон ба муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд.
Хадамот 18-уми феврал дар изҳороте гуфт, ашхоси номаълум худро корманди бонк, оператори ширкатҳои мобилӣ ё шахси шинос нишон дода, бо баҳонаҳои гуногун аз муштариён коди SMS, рақами корти бонкӣ ва дигар маълумоти махфиро талаб мекунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи Хадамоти алоқа, "баъзе қаллобон бо баҳонаи танзими интернети 4G ё 5G дар телефонҳо занг зада, кӯшиш мекунанд маълумоти шахсӣ ё коди тасдиқиро гиранд".
Мақомот мегӯянд, дар сурати гирифтани рақам ё коди махфӣ аз муштариён қаллобон метавонанд ба корти бонкӣ ва ҳамёни мобилии шахс дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои онро азхуд кунанд.
Дар изҳороти Хадамоти алоқа омадааст, ширкатҳои мобилӣ ҳеч гоҳ аз муштариён рамзи тасдиқ ё (SMS-код), рақами корти бонкӣ ва рамзи махфии барномаи насбшуда дар телефонро намепурсанд.
Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки ба занг ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳанд, пайванд ё "ссилка"-ҳои шубҳанокро накушоянд ва барномаҳои номаълумро дар телефон насб накунанд.
Ҳафтаи равон чандин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоси шахсони ношинос ва талаб кардани рамзи паёмак шикоят карданд.
Ба гуфтаи муштариён, афроди ношинос аз хориҷӣ, аз ҷумла аз Қирғизистон ва Русия занг зада, бо баҳони танзими интернети 5G рамзи паёмаки ирсолшударо мепурсанд.
Кумитаи дин мегӯяд, ифторро манъ накардааст
Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи манъ ё маҳдуд шудани маъракаи ифторро дар кишвар рад карда гуфтааст, ин "хабару овозаҳо асоси воқеӣ надоранд".
Дар вокуниши Кумита аз рӯзи 18-уми феврал омадааст, танҳо аз сокинон даъват мекунанд, ки дар вақти гузарондани маъракаи ифтор "ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд".
Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмоннишин афроди доро дар моҳи Рамазон маъракаи ифтор гузаронда, ба шахсони рӯзадор ғизо медиҳанд.
Ҳафтаи гузашта хабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки гӯё бар асоси қонуни танзими ҷашну маросим маъракаи ифтор дар Тоҷикистон манъ шудааст.
Кумитаи дин ва танзими анъана бо радди ин хабарҳо мегӯяд, ифтор манъ нест, аммо сокинон метавонанд ба ҷойи густурдани хони бодабдаба таомро ба афроди ниёзманд фиристанд.
Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 19-уми феврал фаро расида, то 20 март идома мекунад.
Al-Jazeera: Ҳузури беш аз 500 зодаи Осиёи Марказӣ дар амалиёти Исроил дар Ғазза
Бино ба гузориши телевизиони "Al-Jazeera", дар амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза ҳазорон хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумули Тоҷикистон ширкат кардаанд.
Телевизиони мазкур рӯзи 15-уми феврал дар як гузориши таҳлилӣ гуфтааст, бахши зиёде аз ин сарбозони Артиши Исроил шаҳрвандии дугона доштаанд ва дар байни онҳо шаҳрвандони Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Украина, Русия ва кишварҳои дигар ҳастанд.
Бар асоси феҳрасти хориҷиёне, ки дар амалиёти Исроил дар Навори Ғазза ширкат кардаанд,
- 264 нафар аз Узбекистон,
- 189 нафар аз Қазоқистон,
- 52 нафар аз Қирғизистон,
- 31 нафар аз Туркманистон ва
- 8 нафар аз Тоҷикистон будаанд.
Дар гузориш омадааст, дар миёни 264 шаҳрванди Узбекистон намояндагони 5 миллат ҳастанд. Ҳарчанд дар гузориш аз кадом миллат будани онҳоро зикр накардаанд, вале муаллифон гуфтаанд, онҳо шаҳрвандии Исроилро ҳам доранд.
Гурӯҳи аз ҳама бузург, ё аз 12 то 13 ҳазор нафарро низомиёне ташкил медиҳанд, ки шаҳрвандии Амрикоро доранд. Шумори шаҳрвандони Фаронса ва Русия низ қобили таваҷҷӯҳ буда, аз 5 то 6 ҳазор нафар гуфта мешавад. Теъдоди шаҳрвандони Бритониё, Олмон ва Украина бештар аз 1000 нафар будааст.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки як бахши ин сарбозони хориҷӣ дар артиши Исроил ба таври доимӣ хидмат мекунанд ва бахши дигар пас аз шиддат гирифтани муноқиша дар Навори Ғазза ба Исроил омадаанд.
Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, борҳо ба шаҳрвандони худ ҳушдор додаанд, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат накунанд, зеро барои ширкат дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё ҷанг дар кишварҳои дигар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
Зеленский гуфт, 2 ҳазор кӯдаки украиниро баргардондаанд
Раисҷумҳури Украина гуфт, то ин дам ду ҳазор кӯдаки украинӣ аз Русия ва қаламравҳои ишғолкардаи ин кишвар баргардонда шудаанд, аммо ҳазорҳо нафари дигар то ҳол дар асоратанд.
Владимир Зеленский 17-уми феврал дар саҳифааш дар шабакаи "Х" бозгардондани онҳоро "натиҷаи кӯшиши ҳаррӯзаи мардум, созмонҳои иҷтимоӣ ва шарикони байнулмилалӣ" донист.
Вай афзуд, "аз ҳамаи онҳое, ки дар ин мубориза барои ояндаи фарзандони мо, кишвари мо ва тамоми ҷаҳони озод саҳм гузоштаанд, сипосгузорем.”
Ба гуфтаи раисҷумҳури Украина, “роҳи пеши рӯ дарозу душвор аст. Ҳазорҳо кӯдаки украинӣ то ҳол дар асорати Русия ҳастанд ва ҳар рӯз қурбонии ҷинояти онҳо мешаванд. Вале то даме, ки ҳар кӯдаки украинӣ ба ватан барнагардад, ором намеистем.”
Аз замони таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, Маскав ба бурдани тақрибан бист ҳазор кӯдак аз минтақаҳои Украина ба қаламрави худ айбдор карда мешавад.
Киев мегӯяд, Русия ин кӯдаконро маҷбур кардааст, ки шаҳрвандии ин кишварро бипазиранд. Русия мегӯяд, ҳадафаш таъмини амнияти кӯдакон аст ва дар сурати муайян шудани хешовандон онҳоро бармегардонад.
Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар соли 2023 дар пайванд ба маҷбурӣ бурда шудани ҳазорҳо кӯдаки украинӣ амри боздошти президенти Русия Владимир Путин ва Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакони ин кишварро содир кард.
Шӯрои уламои Тоҷикистон тағйири рӯзи аввали моҳи Рамазонро рад кард
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунанда фатво дар кишвар, сарусадо дар бораи тағйири рӯзи аввали моҳи Рамазонро рад кардааст.
Шӯрои уламо шоми 17-уми феврал дар вокунише навишт, "мувофиқи далелҳои илмӣ" имсол 19-уми феврал рӯзи аввали моҳи Рамазон аст.
Ин эълон дар ҳолест, ки баъзе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Баҳрайн, Судон ва Кувайт 18-уми февралро рӯзи аввали моҳи Рамазон эълон карданд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳанӯз 10-уми феврал рӯзи аввали моҳи Рамазонро эълон карда буд.
Тибқи ривоятҳои исломӣ, фаро расидани Рамазон баъди дидани моҳи нав эълон карда мешавад.
Бар асоси эълони Шӯрои уламо, имсол нисоби закот дар Тоҷикистон 64 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст ва аз ин пул бояд 1600 сомонӣ закот дода шавад.
Фитри рӯза барои як нафар 7 сомонӣ ва барои шахсоне, ки имкони молии бештар доранд 72 сомонӣ муқаррар шудааст.
Шӯрои уламо барои касоне, ки наметавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, 420 сомонӣ барои 30 рӯз фидя муқаррар кардааст.
Намояндагони Русия, Украина ва ИМА дар Женева мулоқот карданд
Намояндагони Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 17-уми феврал дар шаҳри Женева вохӯрда, роҳҳои поёни қатъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд.
Нишаст бидуни ҳузури расонаҳо баргузор шуд. Дар назар аст, ки ин музокирот 18-уми феврал низ идома кунад.
Рустам Умаров, дабири Шӯрои амнияти миллии Украина ва роҳбари ҳайати ин кишвар гуфт, дар рӯзи аввали гуфтугӯ "роҳҳои ҳалли имконпазир"-и ҷанг баррасӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, музокироти рӯзи аввал қариб 6 соат идома кард. Барои расонаҳо ягон изҳорот дода нашуд.
Манобеи расонаи "Интерфакс" дар ҳайати музокиракунандаи Русия гуфтаанд, гуфтугӯҳо "бисёр вазнин гузаштанд".
Манобеи Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтаанд, қарор аст 18-уми феврал аз натиҷаи музокирот изҳороти расмӣ пахш шавад.
Даври аввали музокироти намояндагони Русия ва Украина бо миёнҷигарии Амрико охири моҳи январ дар шаҳри Абу-Дабӣ баргузор шуда буд