Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба чиниҳо ду кӯдаки покистонӣ кушта шуд


Гвадар ноҳияи дурафтодаи вилояти Балуҷистони Покистон (дар харита бо ранги норанҷӣ) буда, дар марз бо Эрон ҷойгир аст
Гвадар ноҳияи дурафтодаи вилояти Балуҷистони Покистон (дар харита бо ранги норанҷӣ) буда, дар марз бо Эрон ҷойгир аст

Мақомоти Покистон гуфтанд, як таркиши маргталабонае, ки зидди мошини ҳомили шаҳрвандони Чин нигаронида шуда буд, ду кӯдакро кушта ва се нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Масъулияти таркиши 20-уми августро гурӯҳи ҷангии “Артиши озодихоҳи Балуҷ” ба дӯш гирифт. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, вақте маргталаб бомбаро дар назди мошин ба кор андохт, се нафар, аз ҷумла ронанда маҷрӯҳ шуданд. Шаҳрвандони Чин ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Лиёқувват Шаҳвонӣ, сухангӯи раиси вилояти Балуҷистон дар изҳороте дар Твиттер “ҳамла ба шаҳрвандони Чинро бо сангинтарин шева маҳкум кард”.

Гвадар давоми солиёни зиёд чун истеҳкоми ҷангҷӯёни ҷудоиталаб хидмат мекунад. Оғози моҳи август дар як ҳамла ба автобус дар вилояти Хайбар Пахтунхва 13 нафар, аз ҷумла, нӯҳ коргари чинӣ ва ду сарбози покистонӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG