Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши арӯсиҳои кӯдакон дар як соли охир дар Эрон


Ин духтарча баъди арӯсӣ соҳиби фарзанд ҳам шуд. Эрон
Ин духтарча баъди арӯсӣ соҳиби фарзанд ҳам шуд. Эрон

Мақомот дар Эрон гузориш доданд, ки дар соли 2020 назар ба як сол аз он пеш дар ин кишвар ҳолатҳои издивоҷҳои кӯдакон афзоиш ёфтааст. Маркази омори Эрон мегӯяд, соли гузашта дар ин кишвар арӯсии духтарони 10-14-сола назар ба соли 2019 - 10,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Агар соли 2019 беш аз 28 ҳазор ҳолати никоҳи кӯдакону наврасон ба қайд гирифта шуда бошад, соли гузашта ин омор беш аз 31 ҳазор ҳолатро ташкил додааст.

Дар Эрон иҷоза аст, ки духтарон баъди 13 ва писарон баъди 15-солагӣ оила барпо кунанд. Ба таври истисноӣ бо иҷозаи падарон барпо кардани оила дар синни ҷавонтар аз ин ҳам иҷоза дода мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки омори расмӣ дар бораи издивоҷҳои кӯдакон наметавонад баёнгари вазъи воқеӣ бошад ва ҳолатҳои оиладоршавии кӯдакони зиёди дигар сабтнашуда мемонад. Маркази омори Эрон мегӯяд, ки тахминан 5 дарсади издивоҷҳо дар Эрон марбут ба наврсони зери 15-сола мебошад.

Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи СММ оид ба Эрон дар як гузоришаш ба унвонии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар моҳи март тақозо кард, ки ислоҳоте дар заминаи тарзи бархӯрд бо занону духтарон дар Ҷумҳурии Исломӣ барпо шавад, то пеши роҳи издивоҷҳои кӯдакон гирифта шавад. Раҳмон гуфт, ки “дар Эрон то ҳол ба занону духтарон ҳамчун шаҳрвандони дуюмдараҷа муносибат мешавад”.

XS
SM
MD
LG