Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел ва Путин дар Маскав гуфтугӯ карданд


20-уми август, Маскав
20-уми август, Маскав

Садри аъзами Олмон ва президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни охирин сафари Ангела Меркел ба Маскав пеш аз интихоботи моҳи оянда феҳристи калони масоили муҳимро баррасӣ карданд. Тарҳи зиддунақизи “Северный поток-2”, бозгашти Толибон ба Афғонистон, созиши ҳастаии Эрон ва ҷараёни масдудшудаи сулҳ дар Украина танҳо чанд масъалае буд, ки ду раҳбар дар гуфтугӯи сесоата матраҳ карданд. Мавзӯъҳои дигар - интихоботи моҳи оянда дар Олмон ва Русия ва бӯҳрони сиёсии Беларус буд. Дар оғози мулоқот Меркел таъкид кард, ки бо вуҷуди “мавқеъҳои комилан дигаргуна” Маскав ва Берлин бояд дар гуфтугӯ бошанд.

Путин гуфт, то анҷоми сохтмони лӯлаи газе, ки аз Русия тавассути бистари баҳри Балтика ба Олмон мепайвандад, 15 километр масофа мондааст. Ин тарҳ давоми чандин сол мояи баҳси миёни Берлин ва Вашингтон будааст. Мухолифони ин тарҳ мегӯянд, ки он боиси вобастастагии сиёсии Олмон аз Русия мешавад. Дар мувофиқаи моҳи июле, ки миёни Берлин ва Вашингтон сурат гирифт, ҳарду ҷониб ба қароре расиданд, ки дар амри ёрӣ ба Украина ва муқобила бо фишорҳои эҳтимолии сиёсии Русия якҷоя амал мекунанд.

XS
SM
MD
LG