Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Байден аз «пешрафти ҷиддӣ» дар тарки Афғонистон кардани нирӯҳову мардум


Ҷо Байден, президенти ИМА
Ҷо Байден, президенти ИМА

Президенти ИМА Ҷо Байден, ки маъмурияташ дар дохил ва хориҷи кишвар баъди сари кор омадани Толибон ба хотири шеваи бебандубори тарки Афғонистон кардани нирӯҳову паноҳҷӯён мавриди интиқод аст, рӯзи 20-уми август ваъда дод, ки тамоми амрикоиҳо аз Афғонистон берун бурда мешаванд. Байден, ки рӯзи 20-уми август аз Кохи Сафед сӯҳбат мекард, таъкид намуд, ки дар ҷараёни тарки Афғонистон “пешрафти ҷиддӣ” мушоҳида мешавад ва 6 ҳазор низомӣ хуруҷи нарми ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Кобулро назорат мекунанд. Байден бо ишора ба ин ки ин ҷараён дар ҳамкории наздик бо муттафиқону ҳамкорон ва ҳам созмони НАТО идома дорад, гуфт, “ин яке аз бузургтарин ва душвортарин интиқолҳои ҳавоӣ дар таърих аст”. Ӯ гуфт:

“Ҳафтаи гузашта дилрешкунанда буд. Мо шоҳиди саҳнаҳои сангини талоши мардуми ноумедшуда будем. Медонед, инро дарк кардан мумкин аст – онҳо тарс доранд, онҳо ғамгинанд, онҳо намедонанд, ки фардо чӣ мешавад. Фикр накунам, ки нафароне, ки ин саҳнаҳоро шоҳид мешавад, дардеро, ки ба сари инсон омадааст, дарк накунад”.

Президент гуфт, ки ҳамаи амрикоиҳо берун бурда мешаванд ва ӯҳдадории амрикоиҳо барои ба макони амн интиқол додани афғонҳое, ки ҳамкори нирӯҳои байналмилалӣ буданд ваё ба ҳайси раҳбарони созмонҳои занон ва журналистон кор кардаанд, ба иҷро мерасад. Байден гуфт, аз 14-уми август то имрӯз 13 ҳазор нафар ва аз моҳи гузашта то имрӯз 18 ҳазор нафар аз Афғонистон берун бурда шуданд. Ҳазорҳо нафари дигар бо кӯмаки ҳукумати Амрико тавассути ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ Афғонистонро тарк карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳазорҳо афғонҳои дигар дар талоши тарки Кобул наметавонанд ба фурудгоҳ бирасанд, чун Толибон посгоҳҳо ташкил карда монеи ба фурудгоҳ расидани онҳо мешаванд, бархеро таҳдид ва дигарҳоро латукӯб мекунанд. Ҳазорҳо нафари дигар дар фурудгоҳ мунтазири тарки кишвар мондаанд.

XS
SM
MD
LG