Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар Паралимпиадаи Токио-2020 танҳо як варзишгар намояндагӣ мекунад


Акмал Қодиров.
Акмал Қодиров.

Акмал Қодиров, варзишгари маълули тоҷик, дар Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ, ки аз 24-уми август то 5-уми сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон баргузор мешавад, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард. Ӯ дар Паралимпиада дар риштаи варзиши сабук дар рақобатҳо оид ба гулулапартоӣ иштирок менамоя.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Акмал Қодиров ягона варзишгарест, ки дар Паралимпиадаи Токио-2020 Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Зимнан, Акмал аслан ҳамчун варзишгар дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ маъруф аст. Вай дар армспорт Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул муаррифӣ карда, ба натиҷаҳои баланд мушарраф шудааст.

Ӯ соли 2014 дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армспорт миёни варзишгарони маълул, ки дар шаҳри Путски Полша баргузор шуд, дар вазни беш аз 90 кило ду медал ба даст овард.

Рӯзи аввали мусобиқа бо варзишгарони Русия, Олмон, Бразилия ва Украина қувваозмоӣ карда, бо дасти чап соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар рӯзи дувум бо дасти рост мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Юсуф Юсуфалиев аз Русия дастболо шуд.

Устоди дараҷаи байналмилалӣ Акмал Қодиров ба ҷуз аз ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон буданаш, қаҳрамони сездаҳкаратаи Осиё дар вазни беш аз 90 кило мебошад.

Акмал Қодиров борҳо ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон, ки онро ҳамасола Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши ҷумҳурӣ бар асоси пурсиши хабарнигорони соҳа тартиб медиҳад, дохил шудааст.

Ҳамроҳи Акмал Қодиров мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар хоҳанд кард.

Ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио-2020 22 намуди варзиш ворид шудааст: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспдавонӣ, футбол, голбол, ҷудо, пауэрлифтинг, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, триатлон, баскетбол бо аробача, шамшербозӣ бо аробача, регбӣ бо аробача, теннис бо аробача.

Дар Паралимпиадаи Токио-2020 ширкати 4400 варзишгар аз 136 кумитаи миллии паралимпӣ дар назар аст. Варзишгарони маълул барои 540 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Бозиҳои паралимпии Токио-2020 бинобар афзоиши зиёди ҳолатҳои коронавирус дар шаҳри мизбон ва бисёр минтақаҳои дигари Ҷопон бидуни тамошобинон дар ҳама майдонҳои варзишӣ баргузор мешаванд.

Аз 12-уми июл дар Токио бинобар зиёд шудани шумораи ҳодисаҳои вобаста ба варианти нави коронавирус вазъи фавқулодда ҷорӣ шудааст. Токио дар ҳафтаҳои ахир шумораи рекордии сироятҳои ҳамарӯзаро сабт кардааст, ки пеш аз Бозиҳои олимпии 23-юми июл тақрибан се маротиба зиёдтар аст.

XS
SM
MD
LG