Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ ба зинаи аввал баромад


Дастаи "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ.
Дастаи "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 5-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тими “Файзканд”-и Восеъро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, бори аввал дар мавсими имсола дар ҷадвали мусобиқа садрнишин шуд.

Ин бозӣ 18-уми август дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Алишер Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров дуголӣ ба самар расониданд.

Пас аз ин пирӯзӣ «Истиқлол» дар ҷадвали мусобиқа аз «Хуҷанд» пеш гузашт ва бо 30 имтиёз аз 13 бозӣ ба зинаи аввал баромад. «Хуҷанд» бо 29 имтиёз аз 14 бозӣ мақоми дувумро касб намудааст. «Истаравшан» бо 25 имтиёз аз 15 бозӣ дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври 16-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 20-21-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 5-ум

«Файзканд» – «Истиқлол» – 0:4

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 44 (0:1). Алишер Ҷалилов, 52 (0:2). Манучеҳр Сафаров, 58 (0:3). Манучеҳр Сафаров, 59 (0:2).

«Файзканд» (Восеъ): Азимҷон Қараев, Ҳувайдои Гулмурод, Ойбек Абдуғаффоров (Доробҷон Эргашев, 70), Ҷозеф Феумба, Онана Етем (Бахтиёр Азимов, 46), Шоҳрух Сангов, Аббос Андалебов, Ҷасур Қурбонов, Нди Лукас Кевин (Ҳоҷиакбар Узоқов, 46, Артур Боугнон, 70), Маҳмадалӣ Содиқов, Абдухалил Боронов.

«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Ваҳдат Ханонов, Алексей Ларин, Зоир Ҷӯрабоев (Шарифбек Раҳматов, 70), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров (Шаҳром Сулаймонов, 70), Амирбек Ҷӯрабоев (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 84), Алишер Ҷалилов (Салам Ашӯрмамадов, 84), Ислом Зоиров (Рёта Нома, 70), Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳӣ гирифтанд: Маҳмадалӣ Содиқов («Файзканд»), Виталий Левченко («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҷасур Қурбонов («Файзканд»), 30 – ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

18 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

3

1

36-6

30

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

9

2

3

29-14

29

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

15

7

4

4

18-13

25

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

15

7

2

6

25-28

23

5

«Равшан» (Кӯлоб)

14

4

6

4

16-16

18

6

«Хатлон» (Бохтар)

15

4

5

6

15-22

17

7

ССКА (Душанбе)

15

3

6

6

16-21

15

8

«Душанбе» (Душанбе)

15

3

6

6

18-29

15

9

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

15

3

4

8

19-31

13

10

«Файзканд» (Восеъ)

15

3

4

8

11-23

13

Нишонзанҳо: Рустам Соиров («Истиқлол») – 9 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан»), Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 8-тӯбӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 7-тӯбӣ.

Даври 16-ум

20 август (ҷумъа)

Оғози бозиҳо соати 17:00

ССКА – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Душанбе»

21 август (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Кӯктош» – «Файзканд»

«Равшан» – «Эсхата»

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Истиқлол» – «Истаравшан»

XS
SM
MD
LG