Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 шуруъ шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми августи соли 2024 дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса баргузор мешавад. Бо сабаби бо як соли таъхир баргузор шудани Олимпиадаи Токио-2020, то Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳамагӣ 3 сол боқӣ мондааст.

Моҳи декабри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ барномаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар Париж тасдиқ шуд, ки аз 32 намуди варзиш иборат аст.

Кумитаи тадорукоти бозиҳо дар баробари 28 намуди олимпии варзиш, 4 намудро пешниҳод кард – брейкданс (бори аввал вориди барномаи Бозиҳои олимпӣ мегардад), скейтбозӣ, мавҷбозӣ ва шӯхпаймоии варзишӣ, ки дар Олимпиадаи Токио-2020 низ буданд.

Вале бейсбол ва каратэ-до, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 шомил буданд, дар Олимпиадаи Париж-2024 истисно шуданд.

Дар соли 2024 Париж пас аз Лондон дувумин шаҳре мешавад, ки се маротиба Олимпиадаи тобистонаро баргузор мекунад. Пойтахти Англия Бозиҳои тобистонаи олимпии солҳои 1908, 1984 ва 2012-ро доир кардааст.

Бозиҳои олимпӣ бори аввал дар Париж соли 1900 пас аз чаҳор соли дубора эҳё шудани Олимпиада баргузор шуданд. Дар ин Олимпиада маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавӣ вуҷуд надошт. Аммо бори аввал дар таърихи Бозиҳои олимпӣ занон дар мусобиқот ширкат варзиданд ва инчунин мусобиқаҳои нав, аз қабили пойгаи пуфакҳои ҳавоӣ, ғаввосӣ ва крикет илова шуданд.

Дар соли 1924 Париж боз мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шуд ва аввалин мизбони дукаратаи Олимпиада гардид. Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии соли 1924 рӯзи 5-уми июл баргузор шуд, ҳарчанд баъзе мусобиқаҳо аз 4-уми май оғоз шуда буданд. Маросими пӯшидашавӣ 27-уми июл доир гашт.

Пас аз сад сол, 26-уми июли 2024, Париж бори севум Бозиҳои тобистонаи олимпиро ботантана истиқбол мекунад. Ин шашумин олимпиада барои Фаронса хоҳад буд. Илова ба се Олимпиадаи тобистонаи зикршуда, Фаронса се маротиба Бозиҳои олимпии зимистонаро баргузор кардааст: Шамони-1924, Гренобл- 1968 ва Албервил-1992.

XS
SM
MD
LG