Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 4 паҳлавони тоҷик дар Ҷоми президенти FIAS оид ба самбо дар Санкт-Петербург


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) оид ба самбои варзишӣ миёни мардон, ки рӯзи якшанбеи 22-юми август дар маҷмааи консертиву варзишии «Сибур Арена» шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ва Федератсияи самбои Русия доир мекунанд, 56 варзишгар оид ба самбои варзишӣ миёни мардон дар ҳафт вазн ширкат меварзанд: -58, -64, -71, -79, -88, -98, + 98 кг.

Инҳо самбочиёни зӯртарини ҷаҳон – ғолибон ва ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон, ҷоми ҷаҳон ва мусобиқоти қитъавӣ – хоҳанд буд. Шарики умумӣ ширкати «Роснефть» ва шарики расмии мусобиқа Бонки ВТБ мебошанд.

Дар асоси дастури мусобиқа дар ҳар як вазн на бештар аз ҳашт варзишгар ширкат меварзанд. Ба ин мусобиқа кумитаи тадорукоти Ҷоми президенти FIAS зӯртарин гуштигиронро аз Федератсияҳои миллӣ, ки аъзои Федератсияи байналмилалианд, аз 21 кишвар даъват кардааст: Арманистон, Беларус, Булғористон, Венесуэла, Гурҷистон, ИМА, Испания, Қазоқистон, Камерун, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Марокаш, Молдова, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, Фаронса, Хорватия, Эрон, Юнон.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи самбои Русия хабар додааст, ба ҷуз аз медалу диплом ва тӯҳфаҳо, ғолибони Ҷоми президенти FIAS байни худ барои ҷоизаҳои молӣ мубориза мебаранд: ҷойи 1-ум 10 000, ҷойи 2-юм – 7 000, ҷойи 3-юм - 5.000 доллари ИМА.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми август, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми президенти FIAS чор варзишгари маъруф – Акмалиддин Каримов (то 58 кг), Хушқадам Хусравов (то 64 кг), Ёқубҷон Боқиев (то 71 кг) ва Садр Боев (то 88 кг) - намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов имсол дар Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, ки моҳи март дар маҷмааи варзишии олимпии “Лужники”-и Маскави Русия баргузор шуд, дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни то 64 кило соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар финал Ҳомидҷон Муъминовро аз Узбекистон мағлуб кард.

Дар ин мусобиқа Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кило ва Садр Боев дар вазни то 88 кило барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG