Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ, даври 15-ум: "Истиқлол" - "Хатлон" – 6:0, "Хуҷанд" - "Равшан" – 0:0


Бозиҳои даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 14-15-уми август баргузор шуданд.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – бозиро дар майдони худ бо «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Дар бозии дигар «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Хатлон»-и Бохтар - бо ҳисоби бузурги 6:0 пирӯз шуд. «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар сафар «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. «Эсхата»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Бозӣ миёни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Душанбе» ва ССКА бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, «Истиқлол» ба «Хуҷанд» торафт наздик мешавад. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Хуҷанд» бо 29 имтиёз аз 14 бозӣ мақоми аввалро касб намудааст. «Истиқлол», ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 27 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. «Истаравшан» бо 25 имтиёз аз 15 бозӣ дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«Хуҷанд» – «Равшан» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Далер Ёдгоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

14 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2500 тамошобин.

«Файзканд» – «Истаравшан» – 1:2

Голҳо: Илҳом Баротов, 2 (0:1). Абдухалил Боронов, 45+2 (1:1). Ҷаҳонгир Сафаров, 48 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаҳонгир Сафаров («Истаравшан»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

14 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Эсхата» – «Кӯктош» – 3:1

Голҳо: Азизбек Султонов, 7 – аз пеналти (0:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 48 (1:1). Мубинҷон Муъминов, 64 (2:1). Аҳрор Иноятов, 90 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

15 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1000 тамошобин.

«Душанбе» – ССКА – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Фаромурз Саидов («Душанбе»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

15 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 600 тамошобин.

«Хатлон» – «Истиқлол» – 0:6

Голҳо: Аҳтам Назаров, 13 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 28 (0:2). Ваҳдат Ханонов, 43 (0:3). Шервонӣ Мабатшоев, 75 (0:4). Рустам Соиров, 82 (0:5). Рустам Соиров, 88 (0:6).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

15 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

9

2

3

29-14

29

2

«Истиқлол» (Душанбе)

12

8

3

1

32-6

27

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

15

7

4

4

18-13

25

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

15

7

2

6

25-28

23

5

«Равшан» (Кӯлоб)

14

4

6

4

16-16

18

6

«Хатлон» (Бохтар)

15

4

5

6

15-22

17

7

ССКА (Душанбе)

15

3

6

6

16-21

15

8

«Душанбе» (Душанбе)

15

3

6

6

18-29

15

9

«Файзканд» (Восеъ)

14

3

4

7

11-19

13

10

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

15

3

4

8

19-31

13

Нишонзанҳо: Рустам Соиров («Истиқлол») – 9 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан»), Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 8-тӯбӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 7-тӯбӣ.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 5-ум

18 август (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00

«Файзканд» – «Истиқлол»

Даври 16-ум

20 август (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

ССКА – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Душанбе»

21 август (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Кӯктош» – «Файзканд»

«Равшан» – «Эсхата»

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Истиқлол» – «Истаравшан»

XS
SM
MD
LG