Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худашон рафтанд" ё "зери фишори раис монданд". Дар ҳукумати Ховалинг чӣ гузашт?


Муҳтадӣ Маҷидӣ, раиси ноҳияи Ховалинг
Муҳтадӣ Маҷидӣ, раиси ноҳияи Ховалинг

Ҷанҷолу кашокаш миёни раис ва кормандони ҳукумати ноҳияи Ховалинг сабаби истеъфои раиси дастгоҳ ва баъзе кормандони он шуда, ин баҳс нишасти хабарии раисро баҳам зад.

Дар нишасти хабарии раиси ноҳияи Ховалинг, ки поёни моҳи июли соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби талаботи гузоришдиҳии мақомот дар назди васоили ахбори умум барпо шуд, раиси ноҳия Маҷиди Муҳтадӣ сабаби барканории зердастонашро кутоҳ шарҳ дод. Ӯ гуфт: “Худашон ариза навишта аз кор бас карда рафтанд.” Раиси ноҳия нахост ин қазияро аз ин беш шарҳ диҳад.

Ин дар ҳолест, ки даъвогарон - кормандоне, ки аз кор рафтаанд, ин суханони раисро рад мекунанд ва моҷароро дигаргуна шарҳ медиҳанд.

Малика Раҳимзода, ки ҳанӯз оғози моҳи июл дар мақоми мутахассиси шуъбаи умумии ҳукумати ноҳия кор мекард, мегӯяд, пас аз ситоиш шуданаш дар санҷиши дастгоҳи Иҷроияи президент, "зери фишори раис қарор гирифта, барканор гаштааст". Малика Раҳимзода мегӯяд:

“Як санадро худашон иваз карда, ба ман оварданд, ки "ту ин корро кардаам", гӯй. Ҳарчанд гуфтам, ки "ман накардам", вале маҷбурам карданд, ки баёнот нависам. Баъди ин маро чанд шуъбаи дигар гуфтанд, нагузаштам, вале дар охир аз кор рафтам. Ҳоло ба дастгоҳ ва Вазири корҳои дохила шикоят бурдам.”

Аз Малика Раҳимзода роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Искандар Бобоназаров баёнот талаб мекард. Ҳоло вай ҳам аз кор рафтааст.

Сабаби барканорияшро Искандар Бобоназаров низ ба "фишорҳои" раиси ноҳия бастагӣ медиҳад. Искандар Бобоназаров, собиқ раҳбари дастгоҳи Ховалинг дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Раис таҷрибаи кории хизматчии давлатиро хуб надошт, хаёлаш, ки ин кор бизнес аст. Супориш медод, ки ин кадрро гирифта дар ин ҷо гузор, он ҷо гузор. Ман таҳлил мекардам ва ин корро накардам, ҳамин сабаб шуд ва фишор болои ман бештар кард, то аз кор равам.”

Ҳоло ҳукумати ноҳияи Ховалинг роҳбари дастгоҳ надорад. Раиси он Маҷиди Муҳтадӣ, ки поёни моҳи июл дар нишасти хабарӣ иштирок кард, ба суолҳои зиёди хабарнигорон дар ин бора тоб наовард ва нишасти матбуотияшро тарк кард.

Кормандони барканоршуда аз болои раиси ноҳия то дастгоҳи президент шикоят карда, хостори истеъфои ӯ шудаанд. Дастгоҳ ба онҳо ҳануз посух надодааст.

Баҳси раиси Ховалинг бо мансабдорони ин ноҳия. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

XS
SM
MD
LG