Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон аз Эрон хост, ки музокироти ҳастаиро эҳё кунад


IRIB - телевизиони давлатии Эрон се намуди сентрифугаҳои сохти маҳаллиро дар Натанз намоиш дод. Акс аз соли 2018
IRIB - телевизиони давлатии Эрон се намуди сентрифугаҳои сохти маҳаллиро дар Натанз намоиш дод. Акс аз соли 2018

Президенти Фаронса, Эммануэл Макрон, аз Эрон тақозо кард, ки музокираро дар мавриди созиши ҳастаии соли 2015 барқарор кунад. Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури нави Эрон Иброҳим Раисӣ гуфт, нахуст бояд “ҳаққи” Эрон замонат дода шавад.

Дафтари президенти Фаронса рӯзи 9-уми август хабар дод, ки Макрон дар суҳбати телефонӣ бо президент Иброҳими Раисӣ “аз Эрон хост, музокираро дар Вена барои дастёбӣ ба як натиҷа аз сар гирифта, бидуни таъхир ҳама фаъолиятҳои ҳастаиро, ки бо созишнома дар ихтилоф ҳастанд, хотима диҳад”.

Бар пояи иттилои вебсайти президенти Эрон, Раисӣ дар суҳбати яксоатаи телефонӣ гуфтааст, “дар ҳама гуна музокираҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои мардуми Эрон бояд риоя шавад”.

Музокирае, ки моҳи апрел дар Вена оғоз шуд, бо ҳадафи ба як қарори муносиб овардани тарафҳо барпо шудааст. Бори охир гуфтугӯҳо 20-уми август ҷараён гирифт. Ба иттилои як мақоми баландпояи аврупоӣ, Эрон гуфтааст, ки омода аст аз моҳи сентябр ба идомаи гуфтугӯҳо пардозад.

XS
SM
MD
LG