Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон бояд бо Қуръон қасам хӯранд, ки аз VPN истифода намебаранд


Корбарони Интернет дар Туркманистон шикоят доранд, мақомот аз онҳо мехоҳанд, бо Қуръон қасам ёд кунанд, ки барои ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ аз VPN истифода намебаранд.

"Ман як сол пеш барои гузарондани хатти интернет ба манзилам ариза додам. Билохира хатти интернет то манзили ман расид, ҳоло талаб доранд, бо Қуръон қасам ёд кунам, ки аз VPN истифода намебарам. Вале бидуни VPN намешавад, ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мавриди писанд ворид шуд", - гуфт як сокини Туркманистон бо номи Айнур.

Дар Туркманистон бисёре аз шабакаҳои иҷтимоии маъруф ва сомонаҳои хабарӣ бастаанд ва бидуни VPN боз намешаванд.

XS
SM
MD
LG