Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Покистон хостанд, ҳукми кӯдаки 8-соларо бекор кунад


31-уми декабри соли 2020. Издиҳоми мардум як ибодатгоҳи ҳиндуҳоро оташ зад
31-уми декабри соли 2020. Издиҳоми мардум як ибодатгоҳи ҳиндуҳоро оташ зад

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз Покистон тақозо кардааст, ки ҳимоят аз мардуми ҳинду ва ақаллиятҳои дигарро тақвият бахшад.

Талаби созмон пас аз он садо дод, ки дар Покистон барои тавҳин ба дини ислом як писари 8-соларо ҷазо дода, ба ибодатгоҳи ҳиндуҳо ҳамла сурат гирифтааст.

Тибқи гузоришҳо, кӯдак дар китобхонаи масҷиди деҳае дар Панҷоб пешоб карда, барои ин амалаш ҷазо гирифтааст. Дар Покистон таҳқири Ислом ҷазои ҳукми маргро пешбинӣ мекунад, ҳарчанд то ҳол ҳукми ҳеч нафаре аз рӯи ин иттиҳом содир нашудааст.

Мунтақидон гуфтанд, ин қонун маъмулан барои ҳалли даъвоҳои хусусӣ истифода мешавад. Овозаҳо дар бораи тавҳин ба Ислом метавонад, ба осонӣ боис ба раҳпаймоиҳои дастаҷамъонаву ҳамлаҳои тӯдаӣ шавад.

Риммел Муҳиддин, як фаъоли ҷамъиятӣ, ба Афви Байнулмилал гуфтааст, қонуни тавҳин маъмулан зидди ақаллиятҳои миллӣ истифода мешавад. Вай афзудааст, "ҳоло, дар баробари ин ки иттиҳоми масхараомези кӯдак бояд бекор шавад, ӯву наздиконаш ва ҳам аъзои дигари ҷомеаи ҳиндуҳо ба ҳимояти билофосила ниёз доранд”.

XS
SM
MD
LG