Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полшаю Латвия ҳам бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ рӯбарӯ шуданд


Боздошти гурӯҳи муҳоҷирон дар сарҳади Полша ва Беларус
Боздошти гурӯҳи муҳоҷирон дар сарҳади Полша ва Беларус

Полшаю Латвия гуфтанд, шумори муҳоҷироне, ки аз хоки Беларус ба ин кишварҳои аврупоӣ мегузаранд, рекордӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки пештар мақомоти Иттиҳоди Аврупо Минскро барои ҳамчун силоҳ истифода кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ танқид карда буд.

Дар ҳафтаҳои охир Литва, ки бо мавҷи азими муҳоҷирони ғайриқонунӣ, аксаран шаҳрвандони Ироқ, рӯбарӯ шудааст, маҷбур гардид ин афродро дубора то сарҳади Беларус интиқол диҳад. Ҳоло айни чунин вазъият бо Полшаву Латвия рух додааст.

Марзбонони Полша (Лаҳистон) дар изҳороте 9-уми август гуфтанд, аз 6-уми август ба ин тараф 349 муҳоҷири ғайриқонуниро, ки аз Беларус омадаанд, боздошт карданд.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Латвия, дар рӯзҳои 6-9-уми август 218 муҳоҷир, аксар ироқиҳо, боздошт шуданд. Нахуствазири Латвия гуфт, ки аз пешниҳоди вазири умури дохилӣ пуштибонӣ мекунад ва бояд дар қитъаи сарҳади ин кишвар бо Беларус ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шавад.

Полша, кишварҳои назди Балтика ва мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо амри раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко ва чун қассосгирӣ аз таҳримҳои Аврупо барои саркӯби ҳаракатҳои демократӣ фиристода мешаванд.

XS
SM
MD
LG